Дар Душанбе мубориза бо ҷинояткорӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 16.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. 12 июл вохӯрии роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори Маркази ҳамоҳангсозии иттилоотии минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо доир шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилӣ.
Ҷонибҳо доираи васеи ҳамкориро оид ба андешидани тадбирҳои муштарак дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин дар мулоқот доир ба масъалаҳои ҳамкории мақомоти корҳои дохилии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо табодули афкор ва ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ ибрози боварӣ карда шуд.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд






