Дар Душанбе нишасти Гурӯҳи доимамалкунандаи ҳамкории саноатӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ва Чехия доир гардид
ДУШАНБЕ, 18.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе ҷаласаи 2-юми Гурӯҳи доимамалкунандаи байниидоравии Тоҷикистон ва Чехия оид ба ҳамкории саноатӣ ва иқтисодӣ бо иштироки роҳбарияти мақомоти соҳавии ду давлат баргузор гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки ҷонибҳо сатҳи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои гуногуни тиҷорату иқтисод, саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, молия, илму таҳқиқот, фановариҳои муосир ва сайёҳиро баррасӣ намуданд.
Бо мақсади густариши робитаҳои баъдӣ зарурати татбиқи лоиҳаҳову барномаҳои муштарак, аз ҷумла амалисозии кластери агросаноатӣ, саноат, бахусус дар соҳаҳои мошинсозӣ, нассоҷӣ, истеҳсолӣ, саноати кӯҳӣ, металлургӣ, электротехникӣ, нақлиёт, тиҷорат, рушди соҳибкорӣ, энергетика ва туризм таъкид гардид.
Ба ин муносибат эҷод ва фаъол намудани абзори навин ва муосири ҳамкории саноати истеҳсолӣ ва сармоягузорӣ, ба монанди анҷуманҳои тоҷирон ва намоишҳои маҳсулоти ду давлат муҳим дониста шуд.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон










Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид






