Дар Кумитаи кор бо занон ва оила доир ба пешгирии экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид

Июль 7, 2023 18:39

ДУШАНБЕ, 07.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Барои он ки дар тафаккури фарзандон ақидаи ғаразноки ҷиноӣ, аз ҷумла, ифротӣ роҳ наёбад, онҳоро бояд тавре тарбия намуд, то ба муқобили падидаҳои манфии ғаразнок устувор ва муқовиматпазир бошанд. Тарбия ва ба камол расонидани насли ояндасоз дар ҳама давру замон аз ташкили дурусти оила ва ташаккули маърифати оиладорӣ, бахусус маърифатнокии зан-модар сарчашма гирифтааст. Дар ин хусус имрӯз дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баргузории ҳамоиш, ки дар он мавзуи «Нақши занон дар пешгирии экстремизм ва терроризм» мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифт, гуфта шуд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ҳамоиши мазкур доир ба татбиқи «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025» маълумот дода шуда, мақсади асосии он пешгирии ифротгароиву терроризм ва ошкор намудани роҳу усулҳои ҷалби занон ба созмонҳои ифротӣ мебошад.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода иброз намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама суханрониҳояшон ба зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав – терроризм ва экстремизм, ки солҳои охир дар бархе мамлакатҳои ҷаҳон густариш пайдо кардаанд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид месозанд, ки «терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроӣ дорад. Дар ин раванд, ҳифзи истиқлолияту озодӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ қарзи шаҳрвандӣ ва вазифаи ҳар яки мост».

«Дар ин робита масъулини шуъбаву раёсатҳои Кумита дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат бо сокинон, аллалхусус бо занон суҳбату мулоқотҳо доир менамоянд. Аз натиҷаи ин вохўрию суҳбатҳо ва таҳлили ҳодисаҳои ба ин гуна амалҳои номатлуб даст задани баъзе аз занон маълум мегардад, ки дар бештари маврид сабаби шомилшавии занон ба гурўҳҳои ифротӣ ин надоштани саводи кофӣ ва фаҳмиши сиёсии онҳо мебошад»,- гуфта шуд дар ҳамоиш.

Ҳамзамон намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, Суди Олии мамлакат дар мавзӯҳои «Нақши занон дар пешгирии хурофоту таассуб ҳамчун омили асосии муқовимат ба экстремизм ва терроризм», «Нақши занон дар пешгирии экстремизм ва тероризм», «Баррасии муроҷиатҳои ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта» маърӯза карданд.

Дар мавзӯъҳои пешниҳодгардида падидаи хатарноки ҷаҳони муосир – терроризм, нигаронӣ аз ҷалби занон ба зуҳуроти ифротгароӣ ва терроризм, ки аксар вақт боиси аз хона рафтан ва пайвастан ба сафи террористон мешавад, ибрози андеша карда шуд.

Иштирокдорони ҳамоиш иброз доштанд, ки моро зарур аст, ки дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор дар пешгирӣ ва решакан намудани ин вабои аср саҳми арзанда гузорем.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 7, 2023 18:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ! Аз 16 то 19 июл дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои дарёфти гранти Президенти Тоҷикистон дар соли 2026 аз ҷониби занон 945 лоиҳа пешниҳод шудааст
ЭҲТИЁТ АЗ НУРҲОИ БАЛАНДИ ОФТОБ! Ҳангоми гармои шадид саломатиро чӣ тавр бояд ҳифз намуд?
Дар «Чангоб» 220 нафар кӯдакони ятими кулл, нимятим ва аз оилаҳои камбизоат ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Тоҷиксуғурта» ба шаҳрвандон ва ташкилот беш аз 1,1 миллион сомонӣ ҷуброни суғуртавӣ пардохт намуд
Президенти Тоҷикистон: «Сифати таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳанӯз ба талабот пурра ҷавобгӯ нест»
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ пурра бо китобҳои дарсӣ таъмин мебошанд
Дар Душанбе беш аз 13 ҳазор нафар ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардиданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Волоияти қонун асоси устувории давлат ва шарти муҳими зиндагии осоиштаи мардум аст»
Дар марказҳои касбомӯзии Тоҷикистон беш аз 20 касби серталаб омӯзонида мешаванд
ОГОҲӢ! Аз 15 то 18 июл дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 25 ихтисоси нав дар соҳаи саноати металлургияи сиёҳ таъсис меёбад