Дар шаҳри Ботканд ҷаласаи гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 10.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ботканд (Ҷумҳурии Қирғизистон) мулоқоти навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
«Дар асоси Нақша-ҷадвали кории вохӯриҳо барои соли 2023 3 – 9 июли соли 2023 дар шаҳри Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид»,- таъкид намуданд дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.
Вохӯрии навбатии гуруҳи корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд






