Дар Таиланд масъалаи рушди варзиши ҷиу-ҷитсу дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт

Июль 8, 2023 16:17

ДУШАНБЕ, 08.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода бо намояндаи Федератсияи байналмилалии ҷиу-ҷитсу вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.

Вохӯрии мазкур зимни баргузории 42-юмин Ассамблеяи генералии ҳисоботию интихоботии Шӯрои Олимпии Осиё, ки дар шаҳри Бангкоки Подшоҳии Таиланд баргузор шуд,  доир гардид.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи рушди ҷиу-ҷитсуро дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд, инчунин дар ин ҷараён иштироки  дастаи  мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷиу-ҷитсу дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, Чемпионати ҷаҳон ва Осиё, ҳамзамон дар Бозиҳои Осиёи мавриди муҳокима қарор гирифт.

Ёдовар мешавем, ки Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлати дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҳамчун Федератсияи навтаъсис эътироф карда шудааст.

Минъбад Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон, ҳамчун аъзои Иттиҳодияи ҷиу-ҷитсуи Осиё ва Федератсияи байналмилалии ҷиу-ҷитсу дар тамоми мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро намояндагӣ  мекунад.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 8, 2023 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд