Дар Тоҷикистон беш аз 1,7 миллион дона либоси мактабӣ истеҳсол гардидааст
ДУШАНБЕ, 23.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаҳои саноатӣ ва соҳибкорони инфиродии мамлакат имсол ба маблағи 46 миллиону 253 ҳазор сомонӣ либоси мактабӣ истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи миқдор 22,7 фоиз ё 317706 дона коҳиш ёфта, аз рӯи арзиш 20,8 фоиз ё 7,1 миллион сомонӣ кам мебошад. Соли гузашта корхонаҳои саноатии мамлакат ба маблағи 129 миллион сомонӣ либоси мактабӣ истеҳсол намуда буданд . Ҳамин тариқ, дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ сатҳи таъмини хонандагон бо либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ дар маҷмуъ ба 10,9 фоиз баробар шудааст.
Сардори Раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Абдурауф Пӯлотов дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки «имсол коҳиш ёфтани истеҳсоли либоси мактабӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба талабот рабт дорад. Ба либосҳои мактабӣ хонандагони синфҳои якум ва синфҳои болоӣ бештар ниёз доранд ё баъзе хонандагон вобаста ба вазъи иҷтимоӣ як либоси мактабиро зарфи ду сол истифода менамоянд. Либосҳои мактабӣ дар асоси шартнома байни корхонаҳои истеҳсолӣ ва шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии мамлакат истеҳсол мешаванд».
Нархи як либоси сегонаи мактабии истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ 220-240 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин аз хориҷи мамлакат, асосан аз Узбекистон либоси мактабӣ ворид мешавад, ки нархи як адад либоси сегонаи мактабии истеҳсоли Узбекистон 180 сомониро ташкил медиҳад. Абдурауф Пӯлотов афзуд, ки либосҳои мактабие, ки дар корхонаҳои саноатии мамлакат истеҳсол карда мешаванд, пурра ба стандартҳои сифат ҷавобгӯ мебошанд. Матоъҳое, ки аз онҳо корхонаҳои саноатии мамлакат либосҳои мактабӣ медӯзанд, истеҳсоли Туркия мебошанд. Инчунин таҷҳизоту датгоҳҳои корхонаҳои саноатие, ки дар онҳо либоси мактабӣ омода мегарданд, муосир буда, истеҳсоли Чин ва Ҷопон ҳастанд.
Бояд тазаккур дод, ки алҳол дар ҷумҳурӣ 80 корхонаи саноатӣ ба истеҳсоли либоси мактабӣ машғул мебошад. Аз ин омор 36 корхона дар Суғд, 29 корхона дар Хатлон, 4-то дар Бадахшон, 9 корхона дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 2 корхона дар Душанбе фаъолият доранд. Интизор меравад, ки моҳи август дар шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ, ба мисли Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва дигар марказҳои шаҳру навоҳии мамлакат ярмарка –фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил карда шавад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид






