HUNGARY MASTERS 2023. Ҳайати мунтахаби ҷудои Тоҷикистон барои иштирок дар ин мусобиқа муайян шуд
ДУШАНБЕ, 08.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. 4-6 август дар доираи Сайри ҷаҳонии ҷудои Федератсияи байналмилалии ҷудо дар шаҳри Будапешт (Маҷористон) Мусобиқаи Hungary Masters-2023 баргузор мешавад, ки дар он шаш варзишгар аз Тоҷикистон иштирок менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи низомнома, дар мусобиқа варзишганоне, ки дар радабандии ҷаҳонӣ оид ба ҷудо дар 38-гона мавқеъ гирифтаанд, иштирок менамоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа дар байни мардҳо, аз ҷумла Эмомалии Нуралӣ (дар вазни -60 кг), Обид Ҷебов (дар вазни -66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (дар вазни -73 кг), Сомон Маҳмадбеков (дар вазни -81 кг), Комроншоҳ Устопириён (дар вазни -90 кг) ва Темур Раҳимов (дар вазни +100 кг) намояндагӣ менамоянд.
Фонди умумии ҷоизаҳо 196 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳамаи 14 вазн 6000 евро, барандагони медали нуқра 4000 евро ва медали биринҷӣ 2000 евро ҷоизапулӣ дарёфт менамоянд.
Ҳамчунин варзишгарон барои беҳтар намудани мавқеяшон дар радабандии олимпӣ ва ҷаҳонӣ хол мегиранд. Аз ҷумла, ғолибон 1800 хол, ҷоизадорони ҷои дуюм 1260 ва ҷои сеюм 900 хол мегиранд.
АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон








БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд






