Имрӯз дар шаҳри Душанбе мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 22.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов баргузор гардид, ки дар он самтҳои гуногуни ҳамкорӣ баррасӣ шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар ҷаласа таъкид шуд, ки давоми солҳои охир дар доираи сиёсати созандаи сарони давлатҳо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев рушди муносибатҳои дуҷониба таъмин гардид.
Ҳамзамон ҷонибҳо бо мақсади иҷрои супоришҳои сарони давлатҳо ба таҳкими минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои энергетика, тиҷорат, нақлиёт, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва дигар самту соҳаҳо ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.
Амалигардонии нақшаҳо ва дар ҳамин замина таҳкими робитаҳо тавасути истифодаи захираҳои табиӣ дар соҳаи энергетика ба манфиати ҳарду давлати ба ҳам дӯсту бародар мебошад.
Сарвазирони Тоҷикистон ва Узбекистон амалишавии ҳадафҳои Роҳбарони давлатҳоро ҷиҳати равнақи ҳамкориҳо барои ҳарду ҷониб самарабахш донистанд.
Дар доираи фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ рушди дучанди робитаҳо байни Тоҷикистон ва Узбекистон таъмин карда мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»










Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






