ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МЕТАЛЛУРГИЯ. «Ширкати Алюминийи Тоҷик» истеҳсоли алюминийро 5 маротиба афзоиш медиҳад

Июль 16, 2023 09:59

ДУШАНБЕ, 16.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» (ТАЛКО) афзоиши истеҳсоли алюминийи аввалияро давом дода, нақша дорад, ки то охири сол иқтидори истеҳсолиро 10 фоиз зиёд кунад. Инчунин ширкат тасмим гирифтааст, ки давоми се соли охир тавлиди алюминийро 5 маротиба афзоиш дода, ҳаҷми онро ба 300 ҳазор тонна расонад.

Ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи июл, ки имсол ба 16 июл рост омад, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи кормандони металлургия маҳсуб мешавад. Дар робита ба ин хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ҷараёни фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи тоҷик» шинос гардид.

Директори техникии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Алюминийи Тоҷик» Манучеҳр Загитов дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки зиёда аз 48 сол мешавад, ки Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» пешбарандаи иқтисодиёти миллии тоҷик ба ҳисоб меравад.

«Танҳо дар шаш моҳи соли равон корхона 31 ҳазору 500 тонна алюминийи аввалия истеҳсол карда, ба фурӯш баровардааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 61 тонна зиёд мебошад»,-гуфт ӯ.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2023 вазъи истеҳсолоти электролиз муътадил арзёбӣ гардида, шумораи умумии электролизёрҳои амалкунанда дар охири моҳи июни соли 2023 ба 170 адад расид.

«Дар шаш моҳи аввали соли 2023 дар ширкат 28 электролизёр ба кор андохта шуда, то охири сол таъмир ва ба кор андохтани зиёда аз 90 электролизёр пешбинӣ карда шудааст»,-гуфт Директори техникии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Алюминийи Тоҷик» Манучеҳр Загитов.

ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дар шашмоҳаи аввали соли 2023 бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои ватаниро бо 6879,731 тонна алюминий ба маблағи 178,9 млн сомонӣ таъмин намуд.


Бояд тазаккур дод, ки саноатикунонии босуръати мамлакат, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Точикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидааст, масъулияти кормандонро боз ҳам бештар намуд.

Ба ин хотир ширкат тасмим гирифт, ки соли 2023 ва солҳои минбаъда ҳадафҳои зеринро амалӣ намояд: барқарорсозии иқтидорҳо, зиёд кардани микдори ваннаҳои электролиз ва афзун гардонидани тармими мукаммали таҷҳизоти истеҳсолоти асосӣ; иҷрои нишондиҳандаҳои техникию иктисодӣ ва истеҳсолӣ; ҷалби таваҷҷуҳ ба бозори дохилӣ, ҳамкорӣ бо истеҳсолгарони ватанӣ; ба кор андохтани электролизёрҳои иловагӣ; зиёд намудани истеҳсоли молҳои ниёзи мардум ва профилҳои алюминий. Инчунин бо истифода аз имконияту захираҳои дохилӣ тамоми тадбиру чораҳо амалӣ карда мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки «Ширкати алюминии Тоҷикистон» яке аз корхонаҳои пуриқтидори саноатии ҷумҳурӣ буда, маҳсулоти асосии он алюминийи аввалия мебошад. Он яке аз корхонаҳои асосии содиротии Тоҷикистон маҳсуб шуда, ҳар сол қариб 98 фоизи маҳсулот ба хориҷа содир мегардад.

Ба гуфтаи муовини сардори шуъбаи истҳсоли металлургӣ Суҳайлӣ Қодиров, дар корхона алюминийи аввалия коркард шуда, маҳсулот, ба монанди профилҳои алюминӣ, ноқилҳои гуногуни алюминӣ, шкифҳои металлӣ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи мардум истеҳсол ва ба бозори дохил ва хориҷ пешниҳод мегардад.

Дар ҷараёни шиносоӣ бо ҷараёни кори корхона мушоҳида намудем, ки навобаста аз ҳарорати баланд дар назди тафдонҳои бузурге, ки аз онҳо алюминий ба даст оварда мешавад, кормандон бо маҳорати баланд корро анҷом медоданд. Барои мо дар ин гуна муҳити гарму тафсон будан хеле душвор буд, аммо мо тавонистем мушкилии кори онҳо ва фаъолияту масъулиятпазир будани кормандони ин корхонаи азими ҷумҳуриро дарк намоем.

«Ҳама гуна кор ба худ мушкилии хос дорад, аммо навобаста ба мушкилӣ доштани коллективи хуб ва шавқи беандоза ба касб ҷидду ҷаҳди моро барои пешравӣ дучанд мегардонад», -мегӯяд яке аз мутахассисони корхона Шодибек Хуҷов.

Новобаста ба душворӣ ва масъулиятнокии ин касб занон низ баробари мардон дар ин коргоҳ заҳмат мекашанд.

Ҳусния Саидова яке аз бонувони заҳматкаш дар ин корхонаи азими саноатӣ мебошад, ки саҳми арзандаи хешро дар ободии ҳар порча замини ватани биҳиштосоямон мегузорад. Ӯ мегӯяд, ки масъулияти ватандории бонувони коргоҳ аст, ки онҳо ҳамеша, новобаста аз мушкилиҳо сарбаландона аз уҳдаи кор баромада, дар ин корхонаи азим заҳмат мекашанд.

Бояд тазаккур дод, ки ширкат барои беҳтар намудани фаъолият корҳои назаррас ба сомон расонида, барои баланд бардоштани савия ва малакаи кормандон даврҳои омӯзишӣ ба роҳ мемонад.

Ба гуфтаи директори иқтисод ва ҳайати кормандони «Ширкати алюминии Тоҷикистон» Павел Дик, ҷиҳати таъмини корхона бо мутахассисони варзида бо муассисаҳои олии касбӣ ҳамкории зич ба роҳ монда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 апрели соли 2000 дар мулоқот бо аҳли заҳмати Заводи алюминийи Тоҷикистон ин корхонаи азими мамлакатро «шиносномаи Тоҷикистон» номида, гуфта буданд, ки он аҳамияти корхонаи азими саноатиро дар миқёси давлатӣ ниҳоят дақиқ инъикос менамояд. Заводи алюминийи Тоҷикистон яке аз корхонаҳои ниҳоят қудратманди мамлакат буда, дар ҷараёни рушду пешрафти худ моҳи июли соли 2007 соҳиби мақоми нави истеҳсолии ҷавобгӯй ба талаботи муосир – Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» (ТАЛКО) гардид.

Ҳамзамон 24 май дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи навсозии силсилаҳои 5 ва 6-уми Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати алюминийи тоҷик» шинос шуда буданд.

Таҷдиду навсозии силсилаҳои 5 ва 6-и «Ширкати алюминийи тоҷик» бо назардошти талаботи муосир дар се марҳила амалӣ гардида, ҳадаф аз он афзоиш додани устувории саноати металлургӣ мебошад.


Ҷорӣ намудани технологияи пешқадами ҷаҳонӣ дар раванди истеҳсолот бо навсозии пурраи силсилаҳои 5 ва 6-и «Ширкати алюминийи тоҷик» то соли 2027 иқтидори истеҳсолиро то 300 ҳазор тонна дар як сол мерасонад.

Ба андешаи мутахассисон, васлу насби технологияи нави истеҳсолӣ имкон фароҳам месозад, ки тавассути сарфаи неруи барқ, автоматикунонии раванди истеҳсолот, риояи меъёрҳои технологии истеҳсолот ва баланд шудани сифати маҳсулоти ниҳоӣ арзиши алюминий коҳиш дода шавад.

Ҳамин тариқ, паз аз навсозии пурра ва дубора ба фаъолият оғоз кардани силсилаҳои мазкур 1 ҳазору 500 ҷойи нави кор таъсис меёбад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 16, 2023 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Вобаста ба устувории молиявӣ барои ҳифзи пиряхҳо ва устувории иқтисодӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
«АЗ ПИРЯХҲО ТО ХОҶАГИДОРОН». Барои нуҳ давлат барномаи нав таҳия карда мешавад
Масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои муҳими миллӣ вобаста ба тағйирёбии иқлим ва муҳофизати пиряхҳо баррасӣ шуданд
Дар Душанбе доир ба маблағгузорӣ барои мутобиқшавӣ, коҳиш ва ҷуброни талафоти вобаста ба пиряхҳо ҳамоиш доир шуд
Лоиқ Раҳмонзода: «Яке аз хатарноктарин пайомадҳо афзоиши шумораи рахнашавии кӯлҳои пиряхӣ мебошад»
Дар «Dushanbe EXPO Centre» намоишгоҳи саноатии молҳои Тоҷикистон оғоз гардид
Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар «Кохи Сомон» зиёда аз 20 гӯша ташкил гардидааст
Дар Душанбе рушди тиҷорати дуҷониба байни Тоҷикистон ва Латвия баррасӣ гардид
Ноиби Президенти Бонки Осиёии рушд НБО «Роғун»-ро ҳамчун рамзи пешрафт ва ояндаи дурахшони минтақа арзёбӣ намуд
Муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Зимбабве бо корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуд
Самтҳои муҳим ва афзалиятноки ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Юсуф Маҷидӣ: «Ҷалби маблағ барои ҳифзи пиряхҳо омили асосии рушди устувори иқтисодиёт аст»