Ҳиссаи вилояти Хатлон дар Нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавии ҷумҳурӣ 25,6%-ро ташкил медиҳад

Июль 11, 2023 12:06

ДУШАНБЕ, 11.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аксари нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон дар шаш моҳи соли равон мусбат ҷамъбаст гардида, ҳиссаи вилоят дар нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавии ҷумҳурӣ 25,6%-ро ташкил медиҳад. Дар ин хусус зимни маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон дар нимсолаи якуми соли равон дар шаҳри Бохтар иттилоъ дода шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад, дар ҷаласа муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва фаъолони вилоят иштирок доранд.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид изҳор намуд, ки дар нимаи якуми соли 2023 нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавии вилояти Хатлон ба 13 миллиарду 867 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба 6 моҳи соли 2022-юм 8,2% ё 1 миллиарду 137,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Гуфта шуд, ки нақшаи андозҳо, дар умум, бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар 6 моҳи соли 2023 дар маҷмӯъ 102,7% таъмин гардида, ба буҷет 1 миллиарду 127,0 миллион сомонӣ маблағ ворид карда шудааст, ки нисбат ба нақша 29,2 миллион сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 152,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ҷаласа таъкид гардид, ки тибқи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021–2025», татбиқи 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Ба ҳолати 31 декабри соли 2022 дар доираи тадбирҳои андешидашуда 131 лоиҳа ба маблағи 3,6 миллиард сомонӣ ё 42,1% иҷро гардида, дар 95 лоиҳаи дигар корҳо идома доранд.

Иттилоъ дода шуд, ки ба ҳолати 1 июни соли ҷорӣ дар вилоят 23965 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст. Музди миёнаи меҳнат дар вилоят ба 1483,69 сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 13,7% зиёд мебошад.

Ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва гирифтани се–чор ҳосил, мувофиқи маълумоти расмӣ, ба ҳолати 1 июли соли равон дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 53,8 гектар гармхонаҳои доимоамалкунанда ва кишти сабзавоти барвақтӣ гузаронида шуда, аз ин ҳисоб 18494 тонна сабзавот, аз ҷумла 853,1 тонна помидор, 371,7 тонна бодиринг, 621,5 тонна дигар сабзавотҳо истеҳсол ва дар бозорҳои дохилӣ ба фурӯш бароварда шуданд.

Иброз гардид, ки дар доираи имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи моҳипарварӣ диққати махсус зоҳир карда шуда, шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба 315 адад расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39 адад зиёд мебошад. Ба ҳолати 1 июли соли равон дар вилоят 930,6 тонна моҳӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 154,7 тонна зиёд мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Июль 11, 2023 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад