Мирзоҷамил Рамазонов ва Ҳақназар Назаров аз Чемпионати кушоди Русия оид ба гӯштингирӣ бо медали тилло ба Ватан бармегарданд
ДУШАНБЕ, 24.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавонони тоҷик Мирзоҷамил Рамазонов ва Ҳақназар Назаров дар аввалин Чемпионати кушоди Русия оид ба гӯштингирӣ, ки 21-22 июл дар маркази ҷудои «Батир»-и шаҳри Қазони Русия баргузор гардид, соҳиби медалҳои тилло шуданд. Дар ин хусус котиби генералии Федератсияи миллии гӯштингирии Тоҷикистон Абдулло Саидхоҷаев ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.
Паҳлавонони тоҷик Ҳақназар Назаров дар вазни то 90 кг ва Мирзоҷамил Рамазонов дар вазни то 75 кг дар ин мусобиқа маҳорати хуб нишон дода, бар ҳарифонашон пайи ҳам ғолиб омаданд ва мақоми аввал ва унвони чемпиониро сазовор гардиданд.
Хотиррасон мешавем, ки дар Чемпионати кушоди Русия оид ба гӯштингирӣ котиби генералии Федератсияи миллии гӯштингирии Тоҷикистон Абдулло Саидхоҷаев, муовини вазири варзиши Ҷумҳурии Тотористон Халил Шайхутдинов ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд






