Намояндагони Тоҷикистон дар курсҳои омӯзишии такмили ихтисоси Федератсияи байналмилалии футбол иштирок намуданд

Июль 3, 2023 15:44

ДУШАНБЕ, 03.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Инструкторони Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар курсҳои омӯзишии такмили ихтисоси Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) барои дастурдиҳандаҳо иштирок намуданд.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар курсҳои минтақавӣ, ки дар Тошканд баргузор шуданд, намояндагони чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.

Дастурдиҳандаи асосии курсҳо инструктори Федератсияи байналмилалии футбол ва Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) Муҳаммад Басир аз Сингапур буд ва ба ӯ инструкторони минтақавӣ – Ислом Аҳмадов (Узбекистон), Светлана Покачалова (Қирғизистон) ва Ровшан Мередов (Туркманистон) кумак намуданд.

Барномаи курси такмили ихтисоси дастурдиҳандаҳои Федератсияи байналмилалии футбол мавзӯъҳои ба монанди дастгирии ассотсиатсияҳои миллӣ дар таълими дастурдиҳандаҳо ва омода намудани инструкторони маҳаллӣ (рушди малакаи инсон), фароҳам овардани имкониятҳо барои рушди шахсӣ, иҷтимоӣ ва касбиро дар бар мегирифт.

Илова бар ин, дар курсҳои минтақавии Федератсияи байналмилалии футбол дар Тошканд, дастурдиҳандаҳо имкон доштанд, ки талаботи инфиродии худро навсозӣ, баррасӣ ва муҳокима кунанд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июль 3, 2023 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд