Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми Осиёи Марказӣ доир ба амният ва ҳамкорӣ иштирок намуд

Июль 13, 2023 18:00

ДУШАНБЕ, 13.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Ҷумҳурии Қазоқистон маросими ифтитоҳи Форуми Осиёи Марказӣ доир ба амният ва ҳамкорӣ таҳти унвони «Осиё дар ҷаҳони тағйирёбанда: рӯзномаи оянда» оғоз гардид, ки дар он директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар доданд.

Форуми мазкур аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳамдастӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон ташкил гардидааст, ки ҳамчун як шакли нави муколама ва ҳамкории донишмандон ва коршиносони маъруфи марказҳои зеҳнии ҷаҳон ба шумор меравад. Дар маросими ифтитоҳи ҳамоиш олимону донишмандон ва коршиносон аз 25 давлати дунё иштирок намуданд.

Дар ҷараёни баррасии масъалаҳои рӯзномаи Форум иштирокчиёни ҳамоиш таъкид доштанд, ки амнияти байналмилалӣ ба марҳалаи нави номуайянӣ ворид гардид. Меъёрҳое, ки дар асри бист муқаррар шуда буданд, зери фишори фаъолони нав тағйир ёфтанд. Афзоиши ихтилофоти идеологӣ дар ҷомеаҳо дараҷаи баланди нобовариро ҳам дар дохили кишварҳо ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ ба вуҷуд овардааст.

Ҳамзамон изҳор гардид, ки афзоиши амалҳои террористӣ, таҳдидҳои асимметрӣ, тағирёбии иқлим, номутавозинии демографӣ, афзоиши сатҳи нобаробарӣ ва тағйирёбии хусусияти мудирияти давлатӣ нигоҳи ояндаи ҳамкориҳои ҷаҳониро тағйир медиҳанд.

Ба гуфтаи иштирокдорони нишаст дар ин шароит нақши минбаъдаи ниҳодҳои байналмилалӣ ҳамчун пешбарандагони равандҳои байналмилалӣ низ тафаккур ва андешаи навро тақозо менамояд. Имрӯз беш аз пеш пайдо кардани шакли нави шарикии ҷаҳонӣ ва ҳамкории бисёрҷониба муҳим аст. Дар шароити зудтағйирёбандаи геополитикӣ вазифаи асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва роҳбарони кишварҳо қобилияти бунёди воситаҳо барои берун омадан аз мушкилот ва пайдо кардани заминаҳои муштарак барои бартараф намудани ҳолатҳои буҳронӣ мебошад.

АКС: Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 13, 2023 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд