ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2023. Лигаи футболи Тоҷикистон санаи баргузории бозиҳои даври 1/8- ниҳоиро тасдиқ намуд

Июль 21, 2023 09:28

ДУШАНБЕ, 21.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Лигаи футболи Тоҷикистон санаи баргузории бозиҳои даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023-ро тасдиқ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

 Чаҳор бозии даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон – «Истиқлол» – КМВА, «Файзканд» – «Саройкамар», «Парвоз» – «Хатлон» ва «Ҳосилот» – «Барқчӣ» 29 июл баргузор мешаванд.

Чаҳор бозии дигари даври 1/8-ниҳоии мусобиқот- «Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ», «Панҷшер» – «Эсхата», «Моҳир» – «Истаравшан» ва «Кӯктош» – «Равшан» 30 июл  баргузор мегарданд.

Бозиҳои даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 аз якбозигӣ иборат буда, дар майдони дастае, ки дар ҷуфт зинаи якумро касб намудааст,  баргузор мешаванд. Дар сурати мусовӣ анҷом ёфтани вақти асосии вохӯрӣ ду қисми иловагӣ иборат аз 15-дақиқагӣ таъйин карда мешавад. Агар ғолиб дар ин вақт ҳам муайян нашавад, бар асоси муқаррароти ФИФА барандаи ҷом аз рӯйи силсилазарбаҳои 11-метра маълум мегардад.

Ҷоми Тоҷикистон-2023

1/8- ниҳоӣ

29 июл (шанбе)

Оғоз – соати 17:00

«Истиқлол» – КМВА

«Файзканд» – «Саройкамар»

«Парвоз» – «Хатлон»

«Ҳосилот» – «Барқчӣ»

30 июл (якшанбе)

Оғоз – соати 17:00

«Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ»

«Панҷшер» – «Эсхата»

«Моҳир» – «Истаравшан»

«Кӯктош» – «Равшан»

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июль 21, 2023 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд