Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон Корхонаи истеҳсоли қубурҳои полиэтилении ҶДММ «Мироб»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Июль 6, 2023 08:33

ДУШАНБЕ, 06.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 6 июл дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи истеҳсоли қубурҳои полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мироб”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи истеҳсоли қубурҳои полиэтиленӣ бо 15 ҷойи доимии корӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар доираи “Солҳои рушди саноат” — 2022-2026 дар минтақаи саноатии шаҳри Бӯстон аз ҷониби оилаи Шарифовҳо бунёд гардидааст.

Дар корхона истеҳсоли 16 намуд қубури полиэтилении қутрашон аз 15 то 315 миллиметра ба роҳ монда шудааст. Дарозии қубурҳо вобаста ба қутрашон аз 6 то 100 метр истеҳсол мегардад.

Иқтидори истеҳсолии корхонаи саноатӣ дар як шабонарӯз аз 400 то 500 метр ва дар як сол аз 50 то 60 ҳазор метр қубурҳои полиэтилении босифат мебошад.

Аснои шиносоӣ бо ҷараёни истеҳсолот дар корхонаи навбунёд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми созандаи соҳибкори маҳаллӣ баҳои баланд дода, таъсиси корхонаи саноатиро дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда намуна арзёбӣ намуданд.

Ба корхона ду хати муосири технологӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас гардида, барои истеҳсоли қубурҳо дар як моҳ то 10 тонна ашёи хом — полиэтилени тамғаи ПЭ 100 то марҳилаи ниҳоӣ коркард карда мешавад. Ашёи хом асосан аз Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Узбекистон ворид мегардад.

Аз руи маълумоти мутахассисон қубурҳои полиэтилении истеҳсоли корхонаи нав аз лиҳози намуд ва сифат ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, дар бозорҳо рақобатпазир мебошад.

Имрӯзҳо қубурҳои полиэтиленӣ дар соҳаи обу корез, низоми таъминоти газ, барои муҳофизати кабел ва ноқилҳои барқӣ ва обёрӣ дар соҳаи кишоварзӣ васеъ истифода мегардад. Дар сурати зиёд шудани фармоиш аз ҷониби аҳолӣ, ширкатҳои сохтмонӣ ва талаботи бозор ба қубурҳои полиэтиленӣ ҳаҷми истеҳсолот афзоиш дода шуда, теъдоди кормандон низ зиёд мегардад.

Дар саҳни корхонаи истеҳсоли қубурҳои полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мироб” намунаҳои маҳсулоти истеҳсолшуда муаррифӣ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар шаҳри Бӯстон 51 корхонаи саноатӣ мавҷуд буда, дар онҳо 20 намуд маҳсулот, аз ҷумла молҳои ивазкунандаи воридот истеҳсол карда мешаванд. Дар 5 моҳи соли ҷорӣ дар шаҳри Бӯстон ба маблағи 255 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,2 миллион сомонӣ зиёд буда, ба 105 дар сад баробар аст.

Бояд гуфт, ки дар раванди татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар сармоягузорону соҳибкорони ватанӣ саҳми арзишманд мегузоранд. Ин тадбир дар афзоиши истеҳсолоти худӣ ва ҳам дар таъмини сокинон бо ҷои кору маоши хуб заминаи воқеӣ мегузорад.

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли қубурҳои полиэтилении ҶДММ “Мироб” дар шаҳри Бӯстон 06.07.2023

Июль 6, 2023 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Зиёда аз 10 километр роҳи деҳаи Росровути ноҳияи Деваштич мумфарш карда мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Попи Рум Роберт Фрэнсис Превост, Лео XIV барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Кантслери федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Фридрих Мерс барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли қолин афзоиш ёфтааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 80-солагии Ғалаба дар шаҳри Москва иштирок намуданд
Таҳкими ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои саноат ва воридоти технологияҳои нав бо намояндагони BVMW баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гулчанбаргузорӣ ва паради ҳарбӣ дар Боғи Ғалаба иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ғалаба
Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 12 километр роҳи Ҷамоати деҳоти ба номи Саидқул Турдиеви ноҳия Ҳамадонӣ таъмир мегардад