Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Коргоҳи коркард ва истеҳсоли конструксияҳои металлии ҶДММ «Сохтмони Кабир»-ро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 06.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Коргоҳи коркард ва истеҳсоли конструксияҳои металлии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сохтмони Кабир”-ро ифтитоҳ намуданд.
Коргоҳи коркард ва истеҳсоли конструксияҳои металлӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи “Солҳои рушди саноат” – 2022-2026 аз тарафи соҳибкори ватанӣ Комил Турдибоев бунёд шудааст.
Бо таъсиси коргоҳи нав 20 нафар бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Бо дарназардошти афзоиши талабот ба маҳсулоти коргоҳ ва сари вақт иҷро намудани фармоиш 10 нафари дигар ба кор ҷалб карда мешаванд.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки металл ба коргоҳ аз дохил ва хориҷи мамлакат ворид гардида, раванди коркард ва истеҳсоли конструксияҳо тавассути хатҳои муосири технологӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар коргоҳи навбунёд номгӯи зиёди конструксияҳои металлӣ, аз ҷумла гунбазҳо барои бинои иншооти гуногун, маҷмааҳои варзишӣ, терминалҳои мусофирбарӣ, истгоҳҳои роҳи оҳан, намоишгоҳҳо, пулҳо, роҳҳои пиёдагарди рӯизаминӣ ва амсоли ин бо шаклу андозаҳои зарурӣ бо сатҳу сифати баланд коркард ва истеҳсол мегардад.
Ба гуфти мутахассисон, конструксияҳои металлии коркард ва истеҳсоли коргоҳ дар асоси лоиҳаи иншооти сохташаванда бо фармоиши мизоҷон омода карда мешавад, ки муҳлати истифодаи тӯлонӣ доранд.
Дастгоҳу таҷҳизот барои коркарди металл ва истеҳсоли конструксияҳо аз Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас гардидааст, ки онро мутахассисони тоҷик васлу насб намуда, идора менамоянд.
Бояд гуфт, ки коркард ва истеҳсоли конструксияҳои металлии аз 1 то 5-сантиметра чанд марҳила, нахуст буридан, баъдан башаклдарорӣ, кафшергарӣ, ҷамъу васлнамоӣ ва ниҳоят рангуборро дар бар мегирад.
Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як сол ба ҳисоби миёна 400 тонна конструксияҳои металлии дорои сифати баланд мебошад.
Ҳоло дар мамлакат талабот ба конструксияҳо аз оҳан ҳамчун масолеҳи сохтмонӣ зиёд аст. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сохтмони Кабир” аз зумраи аввалин коргоҳҳоест, ки дар шаҳри Хуҷанд ба коркард ва истеҳсоли конструксияҳои металлӣ ба фаъолият шуруъ намуд.
Аз ин рӯ, масъулони коргоҳи нави саноатӣ нақша доранд, ки бо истифодаи босамар аз иқтидорҳои мавҷуда то андозае талаботи бозори дохилиро бо ин навъи маҳсулоти ивазкунандаи воридот таъмин намоянд.
Имрӯзҳо конструксияҳои металлӣ ба ҷумҳурӣ асосан аз давлатҳои хориҷ бо нархи гарон ва масрафи зиёд ворид мегардад. Акнун, дар коргоҳи навбунёд конструксияҳои оҳанин бо шакл ва андозаҳои гуногун ҳам бо фармоиши мизоҷон ва ҳам вобаста ба талаботи бозор коркард ва истеҳсол карда мешавад.
Дар ҳамин ҷо, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сохтмони Кабир”, ки дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар сохтмон ва бунёди иншооти таъйиноти гуногун, аз қабили сутунпояҳои Парчами миллӣ, Нишони давлатӣ, қалъаҳо ва коху маҷмааҳо саҳми назаррас дорад, шинос шуда, ба корҳои анҷомдодаи мутахассисони тоҷик баҳои баланд доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти босамари коргоҳ ва ҷиҳати тараққӣ додани соҳаи мазкур ба кормандон маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.
Ба таъкиди Президенти мамлакат, шаҳри Хуҷанд барои рушди соҳаи соноат, хусусан коркард ва истеҳсоли масолеҳи баландсифати сохтмонӣ аз металл имконияти воқеӣ дорад.









35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Тсзоу Ҷиайиро ба ҳузур пазируфтанд
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 дар Хатлон беш аз 80 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ сохта мешавад
Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон қариб 400 корхонаи саноатӣ таъсис дода шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳи Бохтар–Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид
Мулоқоту чорабиниҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои наздик
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Турсунзода 546 синфхонаи иловагӣ ва 11 муассисаи томактабӣ сохта мешавад
Соли 2025 дар корхонаю коргоҳҳои саноатии ноҳияи Ёвон ба маблағи беш аз 2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд






