Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»

Март 31, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 31.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 март дар шаҳри Гулистон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд иброз доштанд, ки «суръати рушди соҳаи саноат дар вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст».

Сарвари давлат дар робита ба коҳиш ёфтани суръати рушди соҳаи саноат ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки сабабҳои коҳиши истеҳсолот дар бахши истихроҷро пурра таҳлил намуда, барои барқарор кардани суръати рушди он тадбирҳои мушаххас ва муассир андешанд.

Ҳамчунин дар робита ба фаъолияти номуназзами баъзе корхонаҳои саноатӣ дар вилоят супориш дода шуд, ки барои ба кор андохтани корхонаҳои ғайрифаъол ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии онҳо тадбирҳои фаврӣ андешида шаванд.

Роҳбари давлат вобаста ба таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла бо либоси мактабӣ супориш доданд.

Пешвои миллат дар ҷараёни суханронӣ таъкид намуданд, ки истифодаи самараноки имконияти мавҷуда, таъмин ва ҷалби сармоя, таъсиси ҷойи нави кор, рушди истеҳсолот ва афзоиши содирот бояд таҳти назорати доимӣ қарор гирад. Инчунин супориш доданд, ки фаъолият дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ ва таъмин намудани рушди устувор боз ҳам тақвият дода шуда, барои бартараф сохтани камбудиҳои мавҷуда тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.

Президенти мамлакат таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро ба масъалаи иҷрои пурра ва саривақтии нақшаи даромади буҷет, таҳкими минбаъдаи интизоми андоз ва ҳалли бақияи қарзи андозҳо ҷалб намуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Март 31, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад