Сарраёсати молия дар вилояти Хатлон зимни таҳлилҳои интихобӣ ба маблағи 8,8 млн сомонӣ камбудиҳоро ошкор намуд

Июль 27, 2023 13:00

ДУШАНБЕ, 27.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Дар асоси нақшаи корӣ дар шашмоҳаи аввали соли равон шуъбаи аудити дохилӣ ва назоратии Сарраёсати молия дар вилоят ва мутахассисони раёсатҳои молия дар шаҳру ноҳияҳо дар 209 ташкилоту муассисаи буҷетӣ таҳлилҳои интихобӣ гузаронида, ба маблағи 8,8 млн. сомонӣ камбудиҳоро ошкор намуданд», — гуфт имрӯз зимни нишасти матбуотӣ сардори Сарраёсати молия дар вилояти Хатлон Ҳабибулло Иззатуллозода.

Ба таъкиди сардори сарраёсат, аз маблағҳои ошкоргардида 7,5 млн. сомонии онро зарари молиявӣ ташкил менамояд.

Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар маҷмуъ 1155,4 млн. сомонӣ ё 88,4 фоизи маблағҳои буҷетӣ дар вилоят ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона шудаанд.

Барои пардохти фонди музди меҳнат ва дигар моддаҳои ҳимояшаванда аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ вобаста ба воридоти маблағҳои даромад 1101,9 млн. сомонӣ равона гардидааст, ки 84,2 фоизи хароҷоти умумиро дар шашмоҳаи аввали соли 2023 дар бар мегирад.

Аз ҷумла, барои музди меҳнат 859,0 млн. сомонӣ, ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ 218,0 млн. сомонӣ, барои пардохти ҳаққи хизматрасонии коммуналӣ ва алоқа 17,0 млн. сомонӣ, барои идрорпулӣ, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо 6,9 млн сомонӣ равона гардидааст.

Тибқи маълумот, маблағи ҳисобшудаи рухсатпулии омӯзгорон 196,8 млн. сомониро ташкил намуд, ки то имрӯз пурра маблағгузорӣ гардида, 100 фоизи маблағҳои ҳисобшударо ташкил менамояд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи раёсатҳои молия дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҳисоби маблағҳои барзиёди буҷетҳои маҳаллӣ ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисод ва маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ дар маҷмуъ ба маблағи 9,7 млн. сомонӣ бо дарназардошти қарзҳои солҳои пешин равона шудааст.

Таъкид гардид, ки аз тарафи раёсатҳои молия дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба соҳаи маориф 2,6 млн. сомонӣ- 19 фоиз ва ба соҳаи тандурустӣ 373,0 ҳазор сомонӣ- 19 фоиз маблағгузорӣ шудааст.

Ҳамзамон дар ин давра аз буҷетҳои маҳаллӣ ба ташкилоти роҳтаъминкунии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба маблағи 3,0 млн. сомонӣ 44 фоиз маблағгузорӣ шудааст.

Ҳабибулло Иззатуллозода ҳамчунин иброз дошт, ки «зимни таҳлилҳои интихобӣ аз маблағи умумии ошкоршуда 6,9 млн сомонӣ барқарор шуд, ки аз ин маблағ 884,4 ҳазор сомонӣ ба буҷет ва 6,0 млн. сомонӣ ба фоидаи корхонаҳо рост меояд, ки 78,1 фоизи маблағҳои ошкоршударо дар бар мегирад».

Инчунин бо дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 60 мавод ба маблағи 5,9 млн. сомонӣ камбудиҳои ошкоршуда барои баррасӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод гардид.

АКС: Сарраёсати молия дар вилояти Хатлон

Июль 27, 2023 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд
Соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мегардад
Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад
Дар Душанбе вобаста ба татбиқи Созишнома байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия конфронс баргузор гардид
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаи «Мутобиқшавии ширхӯрон ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» амалӣ карда мешавад
Дар Шуғнон бинои нави пойгоҳи барфу гармосанҷӣ ба истифода дода шуд