Ширкати итолиёии «BTT Impianti» тасмим гирифтааст ба соҳаҳои саноати кӯҳӣ ва тиҷорати Тоҷикистон сармоягузорӣ намояд
ДУШАНБЕ, 25.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати итолиёии «BTT Impianti» тасмим гирифтааст, ки дар оянда дар бахши истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ намояд. Ин ва дигар масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкорӣ дар мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мудири яке аз намояндагиҳои ширкати итолиёии «BTT Impianti» дар Эрон дар Душанбе баррасӣ гардид.
Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Раиси Кумита ба сармоягузорон доир ба фазо ва имконияти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон иттилоъ дод. Ҷонибҳо дар бораи ба роҳ мондани робитаҳои судманд дар соҳаҳои саноати кӯҳӣ ва тиҷорат суҳбат намуданд.
Зимни мулоқот ҷониби итолиёӣ хавасмандии худро барои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои истихроҷи тилло, платина, палладий, мис ва нуқра иброз намуд.
Дар фарҷом ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар бахшҳои афзалиятнок баён намуданд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






