Соли 2024 дар Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи ИДМ баргузор карда мешавад

Июль 5, 2023 14:49

ДУШАНБЕ, 05.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 дар Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор карда мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

4 июл ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода дар ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия баргузор гардид, иштирок намуд.

Дар ҷаласа рафти иҷрои қарорҳои ҷаласаи қаблии Шӯро, чораҳои  самарабахши муқовимат ба коррупсия ва равишҳои умумӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, байни роҳбарони аввали мақомоти муқовимат ба коррупсияи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вобаста ба корҳои анҷомдодашуда табодули афкор анҷом дода шуд.

Дар асоси қарори қабулгардида,  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳамраиси Шӯрои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интихоб гардида, тасмим гирифта шуд, ки ҷаласаи навбатии Шӯро соли 2024 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шавад.

АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 5, 2023 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд