Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши якуми сарони давлатҳои арабии Халиҷ ва Осиёи Марказӣ

Июль 19, 2023 21:55
19.07.2023, Арабистони Саудӣ

Бисмиллоҳи Раҳмони-р-Раҳим,

Волоҳазрат, шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон Оли Сауд, Валиаҳди Подшоҳи Арабистони Саудӣ,
Муҳтарам сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳо,
Муҳтарам Дабири кулли Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ,
Хонумҳо ва ҷанобон!

Дар оғоз мехоҳам ба Ходими ҳарамайни шарифайн Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд, Подшоҳи Арабистони Саудӣ ва Волоҳазрат Валиаҳд Муҳаммад ибни Салмон барои даъват ба нишасти имрӯза ва меҳмоннавозӣ миннатдории самимии худро изҳор намоям.

Дар баробари ин ҷониби Арабистони Саудиро дар иртибот ба ташкил ва танзими бобарори мавсими Ҳаҷҷи соли равон табрик мегӯям.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳавзаи Халиҷро муштаракоти амиқи таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ бо ҳам мепайванданд.

Мардумони мо бо такя ба арзишҳои муштарак тули асрҳо дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми муассир гузоштаанд.

Ин анъанаҳои нек имрӯзҳо низ чун пояи боэътимоди рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни кишварҳои мо хидмат мекунанд.

Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ таҳкими робитаҳои гуногунҷанбаро бо кишварҳои аъзои Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ ҳамчун яке аз самтҳои муҳимми сиёсати хориҷии худ муайян намуда, ба ояндаи онҳо назари нек дорад.

Дар ин замина мо аз ташаббуси роҳандозии муколамаи стратегӣ дар қолаби “Осиёи Марказӣ – Халиҷ” ҷонибдорӣ менамоем.

Омодаем ҳамкориҳои судмандро дар соҳаҳои гуногуни иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, бахши фарҳангӣ ва дигар арсаҳои мавриди манфиати ҷонибҳо, аз ҷумла дар доираи “Нақшаи амали муштарак барои солҳои  2023-2027” тақвият бахшем.

Ин амр барои татбиқи лоиҳаҳои мушаххас заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар ин зимн, барои ин мақсадҳо истифода кардани иқтидори ниҳодҳои молиявии кишварҳои арабии Халиҷ, аз ҷумла фондҳои рушди Арабистони Саудӣ, Кувайт, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Қатар, инчунин, Маркази имдоди Подшоҳ Салмон, Созмони Шайх Зойид ва Гурӯҳи Бонки исломии рушдро муҳим медонем. Дар ин робита, мо алоқамандии худро барои ҷалби  сармояи кишварҳои ҳавзаи Халиҷ ба иқтисоди Тоҷикистон изҳор медорем.

Дар ин робита пешниҳод дорам, ки Фонди махсус барои сармоягузорӣ ва дастгирии рушд дар сиғаи “Осиёи Марказӣ-Халиҷ” таъсис дода шавад.

Бо дарназардошти таҳаввулоти глобалии имрӯза, ҳамчунин зарурати таъсиси Фонди махсуси сармоягузорӣ ва рушдро дар доираи Созмони ҳамкории исломӣ барои дастгирии молиявии кишварҳои рӯ ба тараққии ҷаҳони ислом бори дигар таъкид менамоям.

Қобили зикр аст, ки самтҳои афзалиятноки мо дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ соҳаҳои энергетика, саноат, бахусус саноати сабук, хӯрокворӣ, истихроҷи маъдан, кишоварзӣ, бонкдорӣ, сайёҳӣ, иттилоотиву коммуникатсионӣ, рақамикунонии иқтисодиёт ва имкониятҳои транзитиву нақлиётии ҷонибҳоро фаро мегиранд.

Тоҷикистон, ки дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ мебошад,   талош дорад, то бахши “энергетикаи сабз”-ро тавассути сохтани силсилаи нерӯгоҳҳои гуногунҳаҷм ҳамаҷониба ба нафъи тамоми минтақа рушд диҳад.

Мо умед дорем, ки кишварҳои арабии Халиҷ ва ниҳодҳои молиявии онҳо тавассути сармоягузорӣ дар татбиқи тарҳҳои гидроэнергетикӣ саҳм хоҳанд гузошт.

Ҳамчунин, таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзии аз лиҳози экологӣ тоза ба мақсади содирот ба бозорҳои кишварҳои Халиҷ аз ҷумлаи лоиҳаҳои ояндадори ҳамкориҳои судманди мо хоҳад буд.

Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва нақлиётиву коммуникатсионии дорои аҳаммияти минтақавӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Зимнан, ҷалби сармояи кишварҳои арабии Халиҷро ба сохтмони шоҳроҳҳои автомобилгард ва роҳҳои оҳани  муосир ҷиҳати баромадан ба бандарҳои баҳрӣ муҳим мешуморем.

Мо, бо дарназардошти зарфиятҳои фаровони худ, омодаем, ки ҷиҳати густариши ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ иқдомҳои муштараки муассирро роҳандозӣ намоем.

Ҷорӣ намудани низоми яктарафаи бераводид аз ҷониби Тоҷикистон дар соли 2022 барои шаҳрвандони кишварҳои минтақаи Халиҷ ба пешбурди босамари ин раванд мусоидат хоҳад кард.

Тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуманитариро ба мақсади тақвияти дӯстию наздикии мардумони кишварҳоямон муҳим ва бамаврид меҳисобем.

Дар самти илму маориф ба мақсад мувофиқ медонем, ки робитаҳои миёни донишгоҳҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Халиҷ ҷиҳати табодули таҷриба, тадқиқоти илмӣ ва татбиқи барномаҳои таълими касбӣ, бахусус дар риштаи илмҳои дақиқ роҳандозӣ карда шавад.

Муассисаҳои соҳавии кишварҳои моро зарур аст, ки муштаракан василаҳои муассири вусъат додани ҳамкориҳоро дар соҳаи тандурустӣ эҷод намоянд.

Таъсиси корхонаҳои муштараки дорусозӣ ва озмоишгоҳҳои тиббӣ, табодули таҷриба ва маълумот оид ба зуҳуроти эпидемияҳо ва ваксинагузаронӣ намунаи босамари ин раванд буда метавонанд.

Дар идомаи робитаҳои гуманитарӣ мо иқдомҳои муштараки фарҳангиро барои ҷавонон, аз қабили “Форуми ҷавонони минтақаҳои мо” ҷонибдорӣ менамоем.

Аз баргузории чорабиниҳои мухталифи варзишӣ дар доираи федератсияҳои байналмилалӣ, қитъавӣ ва минтақавӣ истиқбол менамоем.

Масъалаи дигаре, ки ба он мебояд тамаркуз кард, ин  дигаргуниҳои куллӣ дар низоми равобити байналмилалӣ мебошанд, ки имрӯз бар асари рақобатҳои геополитикии глобалӣ сурат мегиранд.

Минтақаҳои мо низ аз ин таҳаввулот дар канор намондаанд.

Дар шароити кунунии шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои глобалии амниятӣ  кишварҳои моро зарур аст, ки барои ҳалли қазияҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ тамосу ҳамкориҳои бештар зичро ба роҳ монанд.

Дар ин раванд  муҳим медонам, ки мо ҳамкориҳоямонро дар самти муқовимат ба ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, бахусус гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба таври муассир роҳандозӣ намоем.

Мубодилаи иттилоот ва омӯзиши таҷрибаи якдигар дар ин арса мувофиқи мақсад дониста мешавад.

Дар ин росто мехоҳам таваҷҷуҳи Шуморо ба вазъи мураккаби низомиву сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии  Афғонистон низ ҷалб намоям.

Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳалли мусолиматомези қазияи Афғонистон буд ва дар ин мавқеъ устувор мемонад.

Дар баробари ин, мо бар онем, ки таъсиси ҳукумати ҳамашумул бо иштироки фаъоли намояндагони ҳамаи гурӯҳҳои қавмию сиёсӣ ва иҷтимоӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, бахусус занону духтарон, метавонад дар Афғонистон заминаи устувори истиқрори сулҳу суботро фароҳам оварад.

Мо аз ҳама гуна талошҳои сиёсиву дипломатӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти Афғонистон ва тадбирҳои расонидани кумакҳои гуманитарӣ ба мардуми он ҷонибдорӣ менамоем.

Омодаем, ки дар ин ҷода бо кишварҳои арабии Халиҷ ҳамкории созанда дошта бошем.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯзҳо, воқеан, бештар аз ҳарвақта, ба ҳамкориҳои муассир дар мавзӯи тағйирёбии иқлим ниёз дорад.

Бо ибрози миннатдорӣ барои дастгирӣ аз ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар ин ҷода, изҳори умед менамоям, ки мо минбаъд низ ҳамкории самарабахши худро оид ба ҳалли мушкилоти об ва тағйирёбии иқлим идома хоҳем дод.

Дар фарҷом бори дигар ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ барои танзими муваффақонаи ин ҳамоиш изҳори сипос менамоям.

Итминони комил дорам, ки нишасти имрӯза дар таърихи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварҳои мо саҳифаи навро боз карда, барои рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд заминаи мусоид хоҳад гардид.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.

Июль 19, 2023 21:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонӣ ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Прокуратураи ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистонро баъди навсозӣ ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ мулоқот намуданд