Тоҷикистонро дар Бозиҳои 2-юми кишварҳои ИДМ 130 нафар варзишгарон муаррифӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 20.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон иборат аз 130 варзишгар дар Бозиҳои дуюми кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) иштирок меварзад, ки 24 нафари онҳо духтарон мебошанд. Дар ин хусус сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.
Имсол бозиҳо дар давлатии Беларус баргузор мегарданд ва варзишгарони тоҷик дар 13 навъи варзиш ба рақобат мепардозанд. Ду сол қабл Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Бозиҳои ИДМ 52 нафар варзишгарон муаррифӣ намуда, ба хазинаи варзишии мамлакат 14 медал ҳамроҳ намуданд.
Хотиррасон мешавем, ки Бозиҳои нахустини кишварҳои ИДМ соли 2021 дар шаҳри Қазон доир шуда буданд.
АКС аз манбаъҳои боз








Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад






