10 АВГУСТ- РӮЗИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҷумҳурӣ 10 ҳазору 768 иншоот ба варзишгарон хизмат мерасонанд

Август 10, 2023 11:20

ДУШАНБЕ, 10.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. 10 август Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ин рӯз бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавияти варзиш ва ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиш эълон шудааст. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 10 ҳазору 768 иншооти варзишӣ мавҷуд аст, ки теъдоди он дар замони соҳибистиқлолӣ дар муқоиса ба 70 соли замони пеш беш аз 9 маротиба афзоиш ёфтааст.

Танҳо давоми шашмоҳаи аввали соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 43 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 33 майдончаи варзишӣ, 8 толори варзишӣ ва 2 маҷмааи варзишӣ ва солимгардонӣ бо харҷи 12 миллиону 925 ҳазор сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст, ки аз ин 3 миллиону 820 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ ва 9 миллиону 105 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорону сарпарастон мебошад.

Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз рукнҳои арзишмандтарин ва муҳимтарини ҷомеа барои тарбияи насли наврас ва инсоният ба ҳисоб меравад. Зеро мақсади асосии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш танҳо аз таҳкими саломатии инсон иборат нест, балки он бо тарбияи меҳнатӣ, ақлӣ, ахлоқӣ ва эстетикӣ низ пайванди ногусастанӣ дошта, муаррифи давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

«Бо таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғамхориҳои ҳамешагии варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооту толорҳои барҳавову ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ бунёду навсозӣ гардида, ба рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш заминаи мусоид фароҳам оварда истодаанд», -иброз дошт ӯ.

Бо мақсади ҷалб намудани наврасону ҷавонон ба варзиш ва омода намудани варзишгарони касбӣ ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 128 муассисаи таълимии варзишӣ, мактабҳои маҳорати олӣ ва тайёрии варзишӣ, 46 федератсияи варзишии олимпӣ ва ғайриолимпӣ, 35 клуби варзишии футбол ва дигар намудҳои варзиш фаъолият менамоянд, ки дар онҳо наврасону ҷавонон аз рӯи 45 намуди варзиш дар 4215 гурӯҳ ба машқу тамринҳои доимӣ фаро гирифта шудаанд.

Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат якчанд санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва барномаҳои соҳавӣ давра ба давра таҳия ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки ба рушди соҳаи варзиш заминаи мусоид гузошт.

Аз ҷумла, дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ва дар заминаи он «Барномаи маҷмуии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» таҳия ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки аз ҷумлаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат маҳсуб мешаванд.

Бояд ёдовар шавем, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ аз соли 2015 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ таъсис дода шудааст.

Дар доираи санади қабулшуда то ин муддат барои 250 нафар ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ аз фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 миллиону 961 ҳазору 250 сомонӣ мукофотпулӣ ҷудо гардида, дар вазъияти тантанавӣ тақдим шудааст.

Бо дарназардошти омӯзиши таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи дунё Ҳукумати мамлакат, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди намудҳои варзиши олимпӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, давоми соли раовн аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаде ба имзо расид, ки ғолибон ва ҷоизадорони бозиҳои олимпӣ, паралимпӣ ва сурдлимпӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд бо стипендияи моддии моҳонаи якумра ҳавасманд мешаванд.

«Натиҷаи чунин ғамхориҳо аст, ки солҳои охир варзишгарони мамлакат пайваста дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, бо сазовор гардидан ба ҷойҳои ифтихорӣ нуфузу эътибори сарзамини соҳибистиқлоламонро баланд бардошта, Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд», -афзуд Абдулло Раҳмонзода.

Маҳз ҳамин тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат имкон фароҳам оварданд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ 6450 маротиба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ бо шарофати дастоварди варзишгарони мамлакат баланд бардошта шуда, зиёда аз 2000 маротиба Суруди миллӣ ба хотири дастоварди онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалии дохиливу хориҷӣ садо додааст.

Бояд тазаккур дод, ки имрӯзҳо дар шаҳри Душанбе таҳти дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тамоми санадҳои дахлдор ба хотири таъмини оммавияти варзиш ва таҳкими тарзи ҳаёти солим амалӣ гардида, тараққӣ додани соҳаи варзиш ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маҳсуб мешавад, зеро ҳар қадаре, ки наврасону ҷавонон солиму сиҳатманд бошанд, давлату миллат низ ба ҳамон андоза неруманду тавоно ва қудратманд мегардад.

Ба гуфтаи сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳзод Раҳимзода, маҳз бо дастгириҳои шаҳрдори ҷавони Душанбешаҳр намудҳои миллии варзиш дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гардида, дар панҷ соли охир дар пойтахт чандин мусобиқаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар шашмоҳаи аввали соли 2023  7 маротиба мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ баргузор гардиданд. Дар ин мусобиқаҳо 1303 нафар варзишгарон аз 127 давлати ҷаҳон ба пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе ташриф оварданд.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе 10 муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпӣ оид ба гимнастикаи бадеӣ, таэквондо, карате, камонварӣ, варзиши сабук, шиноварӣ, волейбол, баскетбол, ҳендбол, чавгонбозӣ, тенниси рӯйи миз, намудҳои гӯштин, шоҳмоту шашка, акробатика, бокс ва футбол фаъолият дошта, дар онҳо 196 нафар мураббиёни таҷрибадор ҷиҳати ҳарчи бештар ҷалб намудани наврасону ҷавонон ба варзиш, тайёр намудани варзишгарони болаёқат ҷиҳати иштирок дар мусобиқоти шаҳрию ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар 350 гурӯҳ ба машқварзон тамрин медиҳанд.

Таваҷҷуҳи махсуси Раиси шаҳри Душанбе ба соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба рушди ин соҳа дар шаҳри Душанбе заминаи мусоид фароҳам оварда, дар ҳамин замина бо мақсади солимгардонӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш аз соли 2017 инҷониб дар шаҳри Душанбе 312 майдончаи варзишӣ ва ҳамзамон шумораи зиёди боғҳои фарҳангию фароғатӣ, гулгаштҳо ва дигар инфрасохтори соҳаи варзиш ба истифода дода шудаанд, ки ин ҳама аз дастгирию ғамхориҳои бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе нисбат ба насли ҷавону ояндасози миллат гувоҳӣ медиҳад.

Дар баробари ин ҳама дастгириву имконоти фарох варзишгарони пойтахт дар шашмоҳаи аввали соли 2023 аз мусобиқоти сатҳи байналмилалӣ 46 медали тилло, 22 медали нуқра ва 41 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Ҳамзамон ба беҳтаринҳо аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе хонаҳои истиқоматӣ, воситаҳои нақлиёт ва маблағи калони пулӣ тақдим шуд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар» / бойгонӣ

 

 

Август 10, 2023 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

4 варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқаи Tokyo Grand Slam 2024 оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамояд
Дар бозии дастаҳои футболи «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» ғолиб муайян нашуд
ЛИГАИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. «Равшан» дастаи футболи «Хуҷанд»-ро мағлуб намуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими Афғонистон пирӯз шуд
Асламҷон Азизов дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ямали Русия соҳиби медали тилло шуд
Дар деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров варзишгоҳи бузург бо 7000 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иншооти варзишӣ ба истифода дода шуданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба тими Афғонистон бозии дӯстона мекунад
Ҳайати ҳакамони Тоҷикистон бозии дӯстонаи Непал ва Афғонистонро дар Душанбе доварӣ мекунад
ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Дар Хуҷанд мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс доир гардид
Дар Федератсияи варзиши сайёҳии Тоҷикистон ҷаласаи ҳисоботӣ – интихоботӣ доир гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона тими миллии Непалро мағлуб намуд