15 нафар хизматчиёни давлатии Тоҷикистон барои таҳсил ба Ҷопон мераванд
ДУШАНБЕ, 23.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 24 август 15 нафар хизматчиёни давлатии Тоҷикистон барои таҳсил дар солҳои 2023-2025 дар зинаи магистратура ба донишгоҳҳои Ҷопон фиристонида мешаванд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба ин хотир 22 август дар Агентии хизмати давлатӣ мулоқоти муовини директори Агентӣ Дилноза Аҳмадзода бо хизматчиёни давлатӣ-магистрантони тозаинтихоби донишгоҳҳои Ҷопон баргузор шуд.
Мувофиқи Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ вобаста ба «Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ» ва Қарордоди байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҳамкории байналмилалии Ҷопон оид ба хизматрасонӣ соли 2023 15 нафар ғолибони бурсияҳои таҳсилӣ аз вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия, энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи андоз, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва КВД Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» мебошанд.
Муовини директори Агентии хизмати давлатӣ зимни мулоқот талаботи таҳсил дар хориҷи мамлакат, иҷрои ҳуқуқу уҳдадориҳои шартномаи баимзорасонида, қоидаҳои ташрифот ва риояи меъёрҳои ахлоқиро бори дигар тавзеҳ дода, ба магистрантон ва докторанти тозаинтихоб барои сафар ва хатми муваффақонаи зинаи илмӣ дар донишгоҳҳои бонуфузи Ҷопон сарбаландӣ таманно намуд.
АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
«Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба нақши осори Саттор Турсун дар адабиёти муосири тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» то 1 апрел идома меёбад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
Байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Эфекта»-и Британияи Кабир Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
54 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт
Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро ба муассисаҳои таҳсилоти олии Озарбойҷон оғоз намуд
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид






