15 нафар хизматчиёни давлатии Тоҷикистон барои таҳсил ба Ҷопон мераванд

Август 23, 2023 17:37

ДУШАНБЕ, 23.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 24 август 15 нафар хизматчиёни давлатии Тоҷикистон барои таҳсил дар солҳои 2023-2025 дар зинаи  магистратура ба донишгоҳҳои Ҷопон фиристонида мешаванд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба ин хотир 22 август дар Агентии хизмати давлатӣ мулоқоти муовини директори Агентӣ Дилноза Аҳмадзода бо хизматчиёни давлатӣ-магистрантони тозаинтихоби донишгоҳҳои Ҷопон баргузор шуд.

Мувофиқи Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ вобаста ба «Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ» ва Қарордоди байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҳамкории байналмилалии Ҷопон оид ба хизматрасонӣ соли 2023 15 нафар ғолибони бурсияҳои таҳсилӣ аз вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия, энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи андоз,  Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва КВД Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» мебошанд.

Муовини директори Агентии хизмати давлатӣ зимни мулоқот талаботи таҳсил дар хориҷи мамлакат, иҷрои ҳуқуқу уҳдадориҳои шартномаи баимзорасонида, қоидаҳои ташрифот ва риояи меъёрҳои ахлоқиро бори дигар тавзеҳ дода, ба магистрантон ва докторанти тозаинтихоб барои сафар ва хатми муваффақонаи зинаи илмӣ дар донишгоҳҳои бонуфузи Ҷопон сарбаландӣ таманно намуд.

АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Август 23, 2023 17:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд