Ҳайати фарҳангии Тоҷикистон бо намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони вилояти Туркистони Қазоқистон вохӯрӣ намуд

Август 28, 2023 17:50

ДУШАНБЕ, 28.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон  дар ҳошияи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ва раиси Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим бо тоҷикони муқими вилояти Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар  Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ намояндагони роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон изҳор доштанд, ки иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузор намудани Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон, инчунин ташкили намоиши   маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳрҳои Остона, Алмато ва Чимкенти Қазоқистон барои боз ҳам густариш бахшидани равобити иқтисодию  фарҳангии ду давлат нақши муҳим мебозад.

Ходимони илми Тоҷикистон таъкид намуданд, ки муваффақона фаъолият намудани ҷамъиятҳои фарҳангии тоҷикон дар Қазоқистон гувоҳи возеҳи торафт баланд шудани обрӯи онҳо мебошад.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ба роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон асбоби мусиқӣ, китоб ва намунаи ҳунарҳои мардумӣ тақдим гардид.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон

 

Август 28, 2023 17:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд