«ALMATY CIRCUS FESTIVAL». Ҳунармандони боистеъдоди Сирки давлатии Тоҷикистон дар Фестивали I байналмилалии санъати сиркӣ сазовори ҷои сеюм шуданд
ДУШАНБЕ, 01.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳунармандони боистеъдоди Сирки давлатии Тоҷикистон дар Фестивали I байналмилалии санъати сиркӣ «ALMATY CIRCUS FESTIVAL» сазовори ҷои 3-юм ва медали биринҷӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» муовини аввали Директори Сирки давлатии Тоҷикистон оид ба корҳои эҷодӣ Қурбоналӣ Зоиров хабар дод.
Аз 26 то 30 июл дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон Фестивали I байналмилалии санъати сиркӣ «ALMATY CIRCUS FESTIVAL» доир гардид, ки дар он сирки тоҷикро ҳунармандони боистеъдод Ануша Ҳусейнзода, Шаҳноза Ҷабборова, Шаҳриёр Изатуллоев ва Қурбоналӣ Ҳалимов бо роҳбарии Илёсхон Алмосов дар жанри эквлибристика дар номераи Перш муаррифӣ намуда, сазовори ҷои 3-юм ва медали биринҷии ин фестивал гардиданд.
Дар фестивали мазкур ҳунармандон аз 15 давлати дунё, аз ҷумла Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус, Литва, Эфиопия, Ветнам, Олмон, Венгрия, Италия, Якутия, Испания, Чехия ва Украина иштирок намуданд.
Ҳунармандони тоҷик сазовори ҷоизаи махсуси директори сирки Якутия ва даъватномаи фахрии Фестивали байналмилалии сиркии «Мамонт — 2024», ки соли оянда дар Ҷумҳурии Саха (Якутия) баргузор мешавад, гардиданд. Инчунин онҳо бо туҳфаҳои хотиравии фестивал қадрдонӣ шуданд.
Директори муассисаи Сирки давлатии Тоҷикистон, Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Раҳматуллозода дар қатори беҳтарин устодони санъати сирки ҷаҳонӣ аъзои фахрии ҳакамони ин фестивал буд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: Сирки давлатии Тоҷикистон










РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд
НАВРӮЗИ ХАТЛОН. Фасли баҳор дар ин минтақаи Тоҷикистон пештар оғоз меёбад






