«ALMATY CIRCUS FESTIVAL». Ҳунармандони боистеъдоди Сирки давлатии Тоҷикистон дар Фестивали I байналмилалии санъати сиркӣ сазовори ҷои сеюм шуданд

Август 1, 2023 11:59

ДУШАНБЕ, 01.08.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Ҳунармандони боистеъдоди Сирки давлатии Тоҷикистон дар Фестивали I байналмилалии санъати  сиркӣ «ALMATY CIRCUS FESTIVAL» сазовори ҷои 3-юм ва медали биринҷӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» муовини аввали Директори Сирки давлатии Тоҷикистон оид ба корҳои эҷодӣ Қурбоналӣ Зоиров хабар дод.

Аз 26 то 30 июл дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон Фестивали I байналмилалии санъати  сиркӣ «ALMATY CIRCUS FESTIVAL» доир гардид, ки дар он сирки тоҷикро ҳунармандони боистеъдод  Ануша Ҳусейнзода, Шаҳноза Ҷабборова, Шаҳриёр Изатуллоев ва Қурбоналӣ Ҳалимов бо роҳбарии Илёсхон Алмосов дар жанри эквлибристика дар номераи Перш муаррифӣ намуда, сазовори ҷои 3-юм ва медали биринҷии ин фестивал гардиданд.

Дар фестивали мазкур ҳунармандон аз 15 давлати дунё,  аз ҷумла Тоҷикистон,  Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус, Литва, Эфиопия, Ветнам,  Олмон,  Венгрия, Италия,  Якутия,  Испания, Чехия ва Украина  иштирок намуданд.

Ҳунармандони  тоҷик сазовори ҷоизаи махсуси  директори сирки Якутия ва даъватномаи фахрии Фестивали байналмилалии сиркии «Мамонт — 2024», ки соли оянда дар Ҷумҳурии Саха (Якутия) баргузор мешавад, гардиданд. Инчунин онҳо бо  туҳфаҳои хотиравии фестивал қадрдонӣ шуданд.

Директори муассисаи Сирки давлатии Тоҷикистон, Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Раҳматуллозода дар қатори беҳтарин устодони санъати сирки ҷаҳонӣ аъзои фахрии ҳакамони ин фестивал буд.

 София ШОИК,
АМИТ
«Ховар»

АКС: Сирки давлатии Тоҷикистон 

Август 1, 2023 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд