Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ гардид

Август 30, 2023 08:55

ДУШАНБЕ, 30.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 29 август Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дафтари СММ дар Женева Шараф Шерализода бо Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Дарен Танг мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба дар самти моликияти зеҳнӣ баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкорӣ дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор намуда, барои ҳамоҳангсозии талошҳои муштарак доир ба моликияти зеҳнӣ изҳори омодагӣ намуданд.

Тақвияти ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ барои давраҳои оянда зарур шуморида шуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария

Август 30, 2023 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид