Қазоқистон ба Тоҷикистон дар рушди ҳукумати электронӣ ва иқтисоди рақамӣ кумак менамояд
ДУШАНБЕ, 25.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарони вазорату кумитаҳои калидии мамлакат бо ҳайати Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти сарварии Вазири рушди рақамӣ, инноватсия ва саноати аэрокайҳонӣ Мусин Багдат баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рақамикунонии хизматрасонии давлатиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода гуфт, ки сафари кории ҳайати Қазоқистон ба Тоҷикистон барои дар амал ҷорӣ намудани ҳукумати электронӣ ва ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Қазоқистон имрӯз қариб дар ҳамаи самтҳо муносибатҳои хуби корӣ ба роҳ мондаанд, ки он ба тавсеа ва таҳким ёфтани ҳамкорӣ дар бахши рушди хизматрасонии молиявии рақамӣ такони ҷиддӣ мебахшад.
Вазири рушди рақамӣ, инноватсия ва саноати аэрокайҳонии Ҷумҳурии Қазоқистон Мусин Багдат изҳор дошт, ки ҷамъомади имрӯза ба тақвияти татбиқи ҳукумати электронӣ кумаки амалӣ мерасонад.
Мавсуф афзуд, ки Қазоқистон имрӯз дар миқёси ҷаҳон аз ҷиҳати хизматрасониҳое, ки тариқи онлайн анҷом дода мешаванд, ҷои ҳаштум, аз рӯйи татбиқи ҳукумати электронӣ мавқеи даҳум ва аз лиҳози амнияти иттилоотӣ ҷойи сиюмро ишғол менамояд, ки ин аз сатҳи баланди рушди технологияи рақамии ин давлат гувоҳӣ медиҳад. Маҳз ба туфайли дар амал татбиқ гардидани ҳукумати электронӣ давоми чанд сол аст, ки дар Қазоқистон хизматрасониҳо, аз қабили ҳуҷҷатгузорӣ ҳангоми харидорӣ ва азнавбарасмиятдарории моликият, аз ҷумла амалӣ намудани харидуфурӯши моликияти манқул, воситаҳои нақлиёт, низоми маориф ва тандурустӣ, гирифтани иҷозатномаҳо барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, пардохтҳои андоз, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, гирифтани ипотека ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба таври рақамӣ ба расмият дароварда мешаванд. Дар вохӯрӣ ҳамзамон масъалаҳои амнияти пойгоҳи маълумот, коркард ва дастарасӣ ба онҳо баррасӣ гардиданд.
Ҷониби Қазоқистон таъкид намуд, ки омода аст таҷрибаи ғании худро ба мутахассисони соҳаи ҳукумати электронии тоҷик бо роҳи ташкили машғулият ва даврҳои омӯзишӣ дар Тоҷикистон ва ҳам дар Қазоқистон омӯзонад.
Дар анҷом роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ дар робита ба рушди рақамикунонӣ ва ба таври электронӣ пешниҳод намудани хизматрасониҳо ибрози назар намуданд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон










Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1180 то 0.1211 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд






