Ба буҷети Тоҷикистон аз ҳисоби ҷаримаҳои маъмурӣ зиёда аз 170 миллион сомонӣ ворид гардид

Август 19, 2023 14:49

ДУШАНБЕ, 19.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли равон аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 ҳазору 27 ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ ошкор ва шахсони дахлдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, нисбат ба онҳо ба маблағи умумии 185 миллиону 319 ҳазор сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ гардид.  Дар ин хусус 14 август зимни нишасти матбуотии Кумитаи андоз иттилоъ дода шуд.

Ҳуқуқвайронкуниҳо оид ба риоя нашудани муҳлати муқарраршудаи пешниҳоди эъломияҳо ва ҳисоботи андоз, кам нишон додани маблағи андоз, риоя нашудани қоидаҳо вобаста ба пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо, таъмин нашудани нигоҳдории ҳуҷҷатҳои вобаста ба истифодаи мошинҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ, риоя нашудани тартиби истифодаи мошинҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ, терминалҳои электронӣ ва баҳисобгирии хазина мебошанд.

Аз 185 миллиону 319 ҳазор сомонӣ ҷаримаҳои маъмурии татбиқгардида ва аз ҳисоби ҷаримаҳои солҳои қаблӣ татбиқшуда ба буҷети ҷумҳуриявӣ зиёда аз 172 миллиону 600 ҳазор сомонӣ маблағ ворид шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40 миллиону 600 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз 

Август 19, 2023 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд