БА ИСТИҚБОЛИ 32-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Ҳайати Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо сокинони ноҳия Мастчоҳ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 24.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Мастчоҳ вохӯрии ҳайати Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар мавзуи «Ҳифзи дастовардҳои истиқлолият дар раванди ҷаҳонишавӣ» доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар медиҳад.
Вохӯрӣ бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ҳадаф аз он ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ мебошад.
Иброз гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, ки «раванди ҷаҳонишавӣ дар баробари паҳлуҳои мусбати худ имрӯз башариятро дар рӯбарӯи омезишу бархӯрди арзишҳо ва фарҳангҳои гуногун қарор додааст. Мо ҳамчун миллати қадимӣ ва фарҳангӣ ҳаргиз мухолифи ҳамдигарро шинохтани фарҳангу тамаддунҳои мухталиф нестем. Баръакс, мо ҷонибдори гуфтугӯи тамаддунҳо ва истифода аз сарватҳои илмӣ ва дастовардҳои фарҳангии мардумони Шарқу Ғарб ба хотири таҳкими низоми дунявии давлати худ мебошем. Маҳз бо дарназардошти чунин воқеият фарҳангу арзишҳо ва ҳувияти миллии мо ба дастгирии ҳамаҷонибаи ҷомеа ва давлат ниёз доранд».
Гуфта шуд, ки Ваҳдати миллӣ саодатбахши миллат, кафолати сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва дастоварди бузург дар таърихи сиёсии муосири миллати тоҷик маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, ҳифозати чунин дастоварди муқаддас вазифа ва рисолати халқи шарифи Тоҷикистон, аҳли зиё ва тамоми шаҳрвандони баору номуси Ватан мебошад.
Ҳамзамон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пояҳои давлатдорӣ иброз гардид, ки ҷаҳон имрӯз дар пешорӯи мушкилоти глобалӣ қарор дорад, ки ҳалли онҳо кори ҳамаи давлатҳои ҷаҳон аст. Дар меҳвари асосии он инсоният меистад, ки ҳалли саривақтии масъалаҳои зерин, ба монанди сулҳу осоиштагии аҳолии кураи Замин, пешгирии ифротгароиву терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ ва ғизо, ҳифзи саломатии аҳолӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, танзими мушкилоти демографии аҳолӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсонро тақозо менамояд. Дар раванди ҷаҳонишавӣ бедор кардани ҳуввияту ифтихор ва арзиши гиромӣ доштани сулҳу субот дар сарзамине, ки давлатдории миллиро мепарварад, басе рамзӣ буда, метавонад дар рушд ва побарҷо мондани давлат замина гузорад. Истиқлолияти давлатӣ авҷи дар амал татбиқшавии орзуву омоли миллат аст, ки бо ба вуҷуд овардани давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳ, ҷойгоҳ ва мақоми худро устувор менамояд. Вазифаи мо дар раванди ҷаҳонишавӣ барои побарҷо мондани давлати миллӣ ва истиқлолияти сартосарӣ ҳифзи арзишҳои миллӣ, ҳувияту асолат аст.
Дар фарҷоми мулоқот фаъолони ноҳия барои саҳми назаррас дар таҳкими Ваҳдати миллӣ, татбиқи сиёсати давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва ҳамкории судманд бо Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
Дар саросари Тоҷикистон иқдоми ҷумҳуриявии «Гулгардонӣ» оғоз гардид
«ЗАН-МАЗҲАРИ ПОКИЗАГӢ». Аз 1 март то 31 май иқдоми ҷумҳуриявии ободкорию тозакорӣ баргузор мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУДОФИАИ ШАҲРВАНДӢ. Дар Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 78 ҳазор аҳолӣ 369 маротиба машқ гузаронида шуд
Дар Душанбе оид ба ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат вохӯрӣ доир шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
«СКАЛА – 2026». Дар Тоҷикистон тамрини махсуси байналмилалии наҷотдиҳӣ доир мегардад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Таҳти ин унвон Озмуни ҷумҳуриявии «Мақолаи беҳтарин» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон ҳавои рӯзи аввали моҳи март бебориш пешгӯӣ мешавад
ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ! Анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Хоруғ озмунҳои шаҳрӣ ва иқдоми бунёдкорӣ гузаронида мешаванд






