БА ИСТИҚБОЛИ 32-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Рашт соҳиби 7 бинои замонавӣ мегарданд
РАШТ, 29.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт биноҳои иловагӣ ва асосии ҳафт муассисаи таълимӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт хабар доданд.
Ҳамчунин дар соли нави таҳсили 2023-2024 биноҳои иловагӣ ва асосии муассисаҳои таълимии №22 деҳаи Ҳоити Ҷамоати деҳоти Ҳоит барои 250 хонанда, №77 деҳаи Болошаҳри Ҷамоати деҳоти Оби меҳнат барои 120 хонанда, №18 деҳаи Яшми Ҷамоати деҳоти Б.Раҳимзода барои 192 хонанда, №46 деҳаи Ғаввосиёни Ҷамоати деҳоти Б.Раҳимзода барои 192 хонанда, №39 деҳаи Воринги Ҷамоати деҳоти Ясман барои 192 хонанда, №7 деҳаи Шулмаки Ҷамоати деҳоти Б.Раҳимзода барои 240 хонанда ва №38 деҳаи Кули Ҷамоати деҳоти Аскалон барои 144 хонанда ба истифода дода мешаванд.
Муассисаҳои таълимӣ аз ҳисоби маблағгузории соҳибкорон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ва саҳми аҳолӣ бунёд гардидаанд. Дар айни замон корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №61 деҳаи Шаҳри нави Ҷамоати деҳоти Қалъанак, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 деҳаи Ярхаби Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак, муассисаи таҳсилоти ибтидоии №110 деҳаи Бустони Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 деҳаи Баҳористони Ҷамоати деҳоти Қалъаи сурх идома доранд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2023 биноҳои иловагӣ ва асосии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №70 деҳаи Варзигони Ҷамоати деҳоти Б.Раҳимзода, муассисаи таҳсилоти ибтидоии №82 деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти Н.Махсум, муассисаи таҳсилоти ибтидоии №104 деҳаи Сари шухони Ҷамоати деҳоти Аскалон, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49 деҳаи Хуфаки Ҷамоати деҳоти Қалъанак, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55 деҳаи Зарифии Ҷамоати деҳоти Тагоба ва муассисаи таҳсилоти умумии асосии №86 деҳаи қалъаи Мақсуди Ҷамоати деҳоти Қалъанак бо 572 ҷойи нишаст дар як баст сохта, ба истифода дода шуданд.
Хушбахтона, дар натиҷаи бунёду навсозии муассисаҳои таълимӣ дар ноҳияи Рашт мушкилоти нарасидани ҷойи нишаст бартараф гардида истодааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт








Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд






