БА ИСТИҚБОЛИ 32-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Рашт соҳиби 7 бинои замонавӣ мегарданд

Август 29, 2023 16:18

РАШТ, 29.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт биноҳои иловагӣ ва асосии  ҳафт муассисаи таълимӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд. Дар ин хусус ба хабарнигори  минтақавии АМИТ «Ховар»  Субҳониддини Маҳмуд дар шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт хабар доданд.

Ҳамчунин дар соли нави таҳсили 2023-2024 биноҳои иловагӣ ва асосии муассисаҳои таълимии №22 деҳаи  Ҳоити Ҷамоати деҳоти  Ҳоит барои 250 хонанда,  №77 деҳаи Болошаҳри Ҷамоати деҳоти  Оби меҳнат барои 120 хонанда, №18 деҳаи  Яшми Ҷамоати деҳоти Б.Раҳимзода барои 192 хонанда, №46 деҳаи  Ғаввосиёни Ҷамоати деҳоти Б.Раҳимзода барои 192 хонанда, №39 деҳаи  Воринги Ҷамоати деҳоти Ясман барои 192 хонанда, №7 деҳаи  Шулмаки Ҷамоати деҳоти Б.Раҳимзода барои 240 хонанда ва №38 деҳаи  Кули Ҷамоати деҳоти Аскалон барои 144 хонанда ба истифода дода мешаванд.

Муассисаҳои таълимӣ аз ҳисоби маблағгузории соҳибкорон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ва саҳми аҳолӣ  бунёд гардидаанд. Дар айни замон корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №61 деҳаи  Шаҳри нави Ҷамоати деҳоти Қалъанак,  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 деҳаи  Ярхаби  Ҷамоати деҳоти  Ҳиҷборак, муассисаи таҳсилоти ибтидоии №110  деҳаи Бустони Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 деҳаи  Баҳористони Ҷамоати деҳоти Қалъаи сурх идома доранд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2023 биноҳои иловагӣ ва асосии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №70 деҳаи Варзигони Ҷамоати деҳоти  Б.Раҳимзода, муассисаи таҳсилоти ибтидоии №82  деҳаи Чорбоғи  Ҷамоати деҳоти Н.Махсум, муассисаи таҳсилоти ибтидоии №104 деҳаи Сари шухони Ҷамоати деҳоти Аскалон, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49 деҳаи  Хуфаки  Ҷамоати деҳоти Қалъанак, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55 деҳаи  Зарифии Ҷамоати деҳоти Тагоба ва муассисаи таҳсилоти  умумии асосии №86 деҳаи  қалъаи Мақсуди Ҷамоати деҳоти Қалъанак бо  572 ҷойи нишаст дар як баст сохта, ба истифода дода шуданд.

Хушбахтона,  дар натиҷаи бунёду навсозии муассисаҳои таълимӣ  дар ноҳияи Рашт мушкилоти нарасидани ҷойи нишаст бартараф гардида истодааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт

Август 29, 2023 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд