БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Панҷакент 1000 иншоот бунёд карда мешавад

Август 16, 2023 16:44

ДУШАНБЕ, 16.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бунёди 1000 иншоот пешбинӣ шуда, ҳоло дар ҳама минтақаҳои шаҳр сохтмони биноҳо босуръат идома дорад. Ҳоло дар шаҳр 24 ширкати сохтмонӣ ба бунёди хонаҳои баландошёна бо марказҳои тиҷорату хизматрасонӣ ва дигар иншооти таъйиноти иҷтимоӣ машғул мебошанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки  саҳми бинокорон дар бунёди иншооти гуногун ва ободу зебо намудани шаҳри Панҷакент хеле назаррас мебошад.

Дар ин самт фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилӣ-коммуналӣ»-и шаҳр назаррас буда, кормандони он пайваста ба тоза намудани кӯчаю маҳаллаҳои шаҳр машғул мебошанд.

Аз ҷониби роҳбарияти шаҳр ба масъулини корхона оид ба андешидани тадбирҳои амалӣ ҷиҳати беҳдошти фаъолият, аз ҷумла, ба хизматрасонии коммуналӣ фаро гирифтани ҳамаи субъектҳои хоҷагидор ва ба ин васила беҳтар намудани вазъи молиявии корхона, дар ҳолати хуби санитарӣ нигоҳ доштани роҳу кӯчаҳо, эътибори ҷиддӣ ба парвариши гулу ниҳолҳои канори роҳҳо, дастрас намудани қуттиҳои замонавии партов, таъмири хонаҳои истиқоматии дар ҳисоби корхона қарордошта ва дигар масъалаҳои муҳими шаҳрдорӣ супориш дода шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент 

Август 16, 2023 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд