БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Панҷакент 1000 иншоот бунёд карда мешавад
ДУШАНБЕ, 16.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бунёди 1000 иншоот пешбинӣ шуда, ҳоло дар ҳама минтақаҳои шаҳр сохтмони биноҳо босуръат идома дорад. Ҳоло дар шаҳр 24 ширкати сохтмонӣ ба бунёди хонаҳои баландошёна бо марказҳои тиҷорату хизматрасонӣ ва дигар иншооти таъйиноти иҷтимоӣ машғул мебошанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар медиҳад.
Бояд гуфт, ки саҳми бинокорон дар бунёди иншооти гуногун ва ободу зебо намудани шаҳри Панҷакент хеле назаррас мебошад.
Дар ин самт фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилӣ-коммуналӣ»-и шаҳр назаррас буда, кормандони он пайваста ба тоза намудани кӯчаю маҳаллаҳои шаҳр машғул мебошанд.
Аз ҷониби роҳбарияти шаҳр ба масъулини корхона оид ба андешидани тадбирҳои амалӣ ҷиҳати беҳдошти фаъолият, аз ҷумла, ба хизматрасонии коммуналӣ фаро гирифтани ҳамаи субъектҳои хоҷагидор ва ба ин васила беҳтар намудани вазъи молиявии корхона, дар ҳолати хуби санитарӣ нигоҳ доштани роҳу кӯчаҳо, эътибори ҷиддӣ ба парвариши гулу ниҳолҳои канори роҳҳо, дастрас намудани қуттиҳои замонавии партов, таъмири хонаҳои истиқоматии дар ҳисоби корхона қарордошта ва дигар масъалаҳои муҳими шаҳрдорӣ супориш дода шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ёвон 649 иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Дар Ҳамбурги Олмон 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар иншооти ҷашнии ноҳияи Ашт корҳои ободониву созандагӣ идома доранд
Намояндагони баландпояи Бонки ҷаҳонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд
Дар Екатеринбург 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд аз чойхонаи Сирдарё дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд иншооти нави истеҳсоливу иҷтимоиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи томактабии «Хуршеди Истиқлол»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и «Нури Раҳмон»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдак»-ро ифтитоҳ намуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шумораи махсуси маҷаллаи «ECO Heritage» ба нашр расид






