Байни Телевизиони «Сафина» ва Бюрои радио ва телевизиони Пекин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд

Август 9, 2023 10:00

ДУШАНБЕ, 09.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 4 август дар доираи «Мавсими намоиши филмҳои хориҷӣ ва сериалҳои телевизионӣ» байни синамоофарони Тоҷикистон ва Чин ба тариқи маҷозӣ ҳамоиш баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» хабар доданд, ҷонибҳо дар самти боз ҳам густариш додани ҳамкорӣ дар бахши синамосозиву офаридани филмҳои муштарак мароқ зоҳир намуда, амалинамоии фаъолияти якҷояро дар оянда қадами муҳим ҷиҳати тавсеа додани ҳамкории гуногунсамти ду мамлакат маънидод намуданд. Аз ҷумла, иштирокчиёни ҳамоиш доир ба масъалаҳои  амалисозии тарҳҳо дар самти омодакунии кадрҳои соҳаи синамосозӣ, афзун намудани намоиши филмҳои Тоҷикистон дар Чин ва аз Чин дар Тоҷикистон, сабти филмҳои муштарак, хусусан таҳияи филмҳо дар мавзуъҳои аҳамияти  таърихии Роҳи абрешим ва моҳияти тарҳи «Як камарбанд, як роҳ» дар замони муосир  табодули афкор  намуданд.

Барои тақвияти ҳамкорӣ, сабти силсилафилмҳо, драмаҳои телевизионӣ ва татбиқи дигар тарҳҳои муштарак Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» ва Бюрои радио ва телевизиони Пекин  Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Таъкид гардид, ки амалишавии пурраи санади мазкур  ба рушди бештари ҳамкорӣ, банаворгирии филмҳои нави муштарак ва тарҳҳои ҷадиди ба ҳар  ду ҷониб манфиатовар мусоидат менамояд. Дар қисмати дуюми ҳамоиш байни ҳунармандони тоҷик, мутахассисони соҳаи синамосозӣ, коргардону роҳбарони муассиса ва ширкатҳои филмофарии Тоҷикистон ва Чин муҳокимаи масъалаҳои соҳавӣ ба тарзи саволу ҷавоб баргузор гардид.

 

               АКС: МД «Телевизиони Сафина»

Август 9, 2023 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад