Байни Телевизиони «Сафина» ва Бюрои радио ва телевизиони Пекин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ДУШАНБЕ, 09.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 4 август дар доираи «Мавсими намоиши филмҳои хориҷӣ ва сериалҳои телевизионӣ» байни синамоофарони Тоҷикистон ва Чин ба тариқи маҷозӣ ҳамоиш баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» хабар доданд, ҷонибҳо дар самти боз ҳам густариш додани ҳамкорӣ дар бахши синамосозиву офаридани филмҳои муштарак мароқ зоҳир намуда, амалинамоии фаъолияти якҷояро дар оянда қадами муҳим ҷиҳати тавсеа додани ҳамкории гуногунсамти ду мамлакат маънидод намуданд. Аз ҷумла, иштирокчиёни ҳамоиш доир ба масъалаҳои амалисозии тарҳҳо дар самти омодакунии кадрҳои соҳаи синамосозӣ, афзун намудани намоиши филмҳои Тоҷикистон дар Чин ва аз Чин дар Тоҷикистон, сабти филмҳои муштарак, хусусан таҳияи филмҳо дар мавзуъҳои аҳамияти таърихии Роҳи абрешим ва моҳияти тарҳи «Як камарбанд, як роҳ» дар замони муосир табодули афкор намуданд.
Барои тақвияти ҳамкорӣ, сабти силсилафилмҳо, драмаҳои телевизионӣ ва татбиқи дигар тарҳҳои муштарак Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» ва Бюрои радио ва телевизиони Пекин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Таъкид гардид, ки амалишавии пурраи санади мазкур ба рушди бештари ҳамкорӣ, банаворгирии филмҳои нави муштарак ва тарҳҳои ҷадиди ба ҳар ду ҷониб манфиатовар мусоидат менамояд. Дар қисмати дуюми ҳамоиш байни ҳунармандони тоҷик, мутахассисони соҳаи синамосозӣ, коргардону роҳбарони муассиса ва ширкатҳои филмофарии Тоҷикистон ва Чин муҳокимаи масъалаҳои соҳавӣ ба тарзи саволу ҷавоб баргузор гардид.
АКС: МД «Телевизиони Сафина»








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






