Бо донишҷӯёне, ки бо бурсияҳои таълимии Маркази ҳамкории байналмилалии Ҷопон таҳсил менамоянд, мулоқот доир шуд

Август 30, 2023 08:36

ДУШАНБЕ, 30.08.2023/АМИТ «Ховар»/. Хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳсилро дар Ҷопон бо бурсияҳои таълимии Маркази ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICE) шуруъ менамоянд, ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон ташриф оварданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон.

Ёдовар мешавем, ки 15 нафар хизматчиёни давлатӣ аз вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва захираҳои об, молия, Саридораи геология, Агентии авиатсияи гражданӣ, Маркази миллии қонунгузорӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ва «Саноатсодиротбонк» дар Донишгоҳи Ҳирошима, Донишгоҳи байналмилалии Ҷопон, Донишгоҳи Ритсумейкани Осиё ва Уқёнуси Ором ва Донишгоҳи Акита дар барномаҳои магистрӣ таҳсил менамоянд.

Зимни мулоқот Сафир ба хизматчиёни давлатӣ  дар касби дониш комёбӣ таманно намуда, дар радифи таҳсил ва пажӯҳиши илмӣ ҳамчунин онҳоро ба омӯзиши забон ва фарҳанги чопонӣ  даъват намуд.

Дар анҷом  Сафир ба ҷониби Ҷопон барои мусоидат дар рушди захираҳои инсонии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос кард.

       АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон

 

Август 30, 2023 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид