БОЗИҲОИ II ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ. Варзишгарони тоҷик дар Беларус соҳиби боз се медал гардиданд

Август 10, 2023 10:05

ДУШАНБЕ, 10.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони тоҷик 9 август дар Бозиҳои II Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Беларус боз се медали дигар ба даст оварданд, хабар медиҳанд мухбирони АМИТ «Ховар» аз Минск.

Мустафо Аҳмадов (70 кг) ва Сомонҷон Икромов (79 кг) дар гӯштини тарзи озод медалҳои биринҷиро соҳиб гардиданд.  Дар ин қувваозмоӣ дар вазни то 79 кг мақоми аввалро варзишгари Русия, ҷои дуюмро варзишгар аз  Қазоқистон гирифтанд. Ҷойи сеюмро варзишгарони Тоҷикистон ва Узбекистон ба даст оварданд.

Дар вазни то 70 кг мақоми аввалро варзишгари Русия, дуюмро Озарбойҷон, сеюмро Тоҷикистон ва Беларус соҳибӣ намуданд. Ин намуди мусобиқа дар шаҳри Солигорск баргузор гардид. Дар он 86 варзишгар аз 12 давлат, аз ҷумла Баҳрайн, Озарбойҷон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Ветнам иштирок доранд.

Муштзани тоҷик Ҳангома Исоева дар вазни 57 кг бо ҳисоби 3:2 аз варзишгари Беларус шикаст хӯрда, медали биринҷиро соҳиб шуд.

Имрӯз 6 муштзани тоҷик барои гирифтани роҳхат ба даври ниҳоӣ қувва меозмоянд. Муштзанони тоҷик Меҳроҷ Сӯфиҷонов (48 кг), Бузургмеҳр Эҳсанов (54 кг), Рустамҷон Ашӯров (67 кг), Акмалҷон Абдувалиев (86 кг), Анушервон Фозилов (51 кг) ва Руслан Федорин (92 кг) дар шаҳри Орсаи Беларус барои ҷойҳои намоён мубориза мебаранд.

Хотиррасон мешавем, ки аз 6  то 12 август дар Орша мусобиқа оид ба муштзанӣ идома меёбад. Дар он намояндагони 10 давлат: Беларус, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Қирғизистон, Русия, Туркманистон, Узбекистон, Эрон ва Покистон иштирок менамоянд.

Варзишгарони тоҷик то имрӯз 6 медал- як нуқра ва 5 биринҷӣ ба даст овардаанд.

Лайло ТОИРӢ,
Елена БАТЕНКОВА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 10, 2023 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд