БОЗИҲОИ II ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ. Варзишгарони тоҷик соҳиби 10 медал гардиданд
ДУШАНБЕ, 12.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Брести Ҷумҳурии Беларус рӯзи сеюми мусобиқаи шиноварӣ идома дорад, хабар медиҳанд мухбирони АМИТ «Ховар» аз шаҳри Брест.
Дар ин шаҳр 133 шиновар аз 11 давлат, аз ҷумла Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Ветнам, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Русия, Туркманистон ва Узбекистон ҷамъ омаданд.
Дар ин навъи бозӣ Тоҷикистонро 4 варзишгар муаррифӣ менамоянд. Тавре ки мураббии дастаи шиноварии Тоҷикистон Раҳмат Мирзоев гуфт, мубориза барои ҷойҳои намоён имрӯз идома меёбад. «Рӯзи аввал варзишгарони мо- Билол Алиев, Усмон Салимов ва Богдан Гасиатулин дар сабки озод ба масофаи 100 метр рақобат намуданд. Дар рӯзи дуюм Богдан Гасиатулин дар масофаи 400 ва 200 метр қувваозмоӣ намуд. Ҳарчанд ки дар ин мусобиқа шиноварони беҳтарин ҷамъ омадаанд, шиноварони мо низ натиҷаҳои хуб нишон дода истодаанд ва соҳиби ҷойҳои фахрӣ хоҳанд гашт»,-илова намуд мусоҳиби мо.
Мубориза барои ишғоли ҷойҳои намоён то 13 август идома ёфта, варзишгарон дар ин намуди бозӣ дар маҷмуъ 32 медалро соҳиб мешаванд.
То имрӯз варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои II Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Беларус аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш дар маҷмуъ 10 медал ба даст овардаанд.
Инчунин имрӯз дар Орша ду муштзани тоҷик, ки ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфта буданд, бо рақибони худ барои ҷойҳои аввал мубориза мебаранд.
Лайло ТОИРӢ,
Елена БАТЕНКОВА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»










БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд






