ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН-2023. Ғолибони бозиҳои даври 16-ум байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 11.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. То анҷоми марҳилаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои Лигаи олӣ ҳамагӣ ду даври дигар боқӣ мондааст. Мубориза барои гирифтани панҷгонаи аввали ҷадвал ва ҳуқуқи мондан дар Лигаи олии чемпионат идома дорад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
9 август ду вохӯрии даври 16-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол баргузор шуданд. Дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанда ва «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ дар ин давр ғалаба намуданд. Дар бозиҳои дигари даври 16-ум дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби калон ба муқобили дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода зафар ёфт. Дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлобро шикаст дод. Бозии дастаҳои футболи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор ва КМВА дар шаҳри Душанбе мусовӣ анҷом ёфт.
Натиҷаи бозиҳои даври 16-уми Лигаи олӣ:
«Хатлон» 2:1 «Равшан»
КМВА 0:0 «Ҳосилот»
«Истиқлол» 5:0 «Регар-ТадАЗ»
«Кӯктош» 4:0 «Файзканд»
«Хуҷанд» 4:3 «Эсхата»
Хотиррасон мешавем, ки пас аз даври 16-уми Лигаи олӣ ҳоло дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо 33 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор дорад.
Бозиҳои даври 17-уми Лигаи олӣ:
12 август | 17:00
«Ҳосилот» – «Кӯктош»
«Эсхата» – «Хатлон»
13 август | 17:00
«Файзканд» – «Истиқлол»
«Равшан» – КМВА
«Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд»
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд






