Дар Бадахшон Ассотсиатсияи моҳипарварон таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 27.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар назди Раёсати кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ассотсиатсияи моҳипарварон таъсис дода шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.
Инчунин бо мақсади рушд додани соҳаи моҳипарварӣ моҳи октябри соли 2022 аз вилояти Суғд ба миқдори 40 ҳазор моҳича дастрас гардида, ба ҳавзҳои сунъии хоҷагиҳои моҳипарварии ноҳияи Рӯшон ва Роштқалъа интиқол дода шуд. Дар айни ҳол наъшунамои моҳичаҳо хуб ба роҳ монда шудааст.
Бояд гуфт, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар саргаҳи оби Осиёи Марказӣ қарор дошта, дар баробари кӯлҳои зиёди табиӣ дар ноҳияи Мурғоб ҳамчунин ҳар деҳа дорои рӯдхонаҳои кӯҳӣ мебошад. Хоҷагиҳои деҳқонӣ имкон доранд дар атрофи ин рӯдхонаҳо ҳавзҳои хурди моҳипарварӣ бунёд намоянд.
Соли гузашта бо ҳамин усул дар ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа ду ҳавзи моҳипарварӣ бунёд гардида, ба онҳо зиёда аз 6 ҳазор моҳича сар дода шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки қабули «Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ» барои панҷ соли минбаъда ба хоҷагидорону соҳибкороне, ки майл ба соҳаи моҳипарварӣ доранд, имконияти хуб фароҳам овард. Онҳо аз имтиёзҳои фароҳамнамудаи Ҳукумати мамлакат ба соҳаи мазкур ва дастгириҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳавасманд шуда, ҷиҳати васеъ намудани майдони хоҷагиҳои моҳипарварӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд






