Дар Душанбе корҳои муқаддамотии сохтмони метро бо иштироки намояндагони ширкати Роҳи оҳани Корея баррасӣ шуданд

Август 25, 2023 11:31

ДУШАНБЕ, 25.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҷараёни корҳои муқаддамотии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани шаҳрӣ ва ба роҳ мондани  низоми метрои сабук дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс  Саидзода бо намояндагони воломақоми ширкати Роҳи оҳани миллии Корея ва Бонки воридот-содиротии Корея дар Душанбе баррасӣ гардид.

Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад.

Мусоҳибон ҳамзамон масъалаҳои мубрами ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо ширкати Роҳи оҳани миллии Корея ва Бонки воридот-содироти Кореяро муҳокима намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Август 25, 2023 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд