Дар Душанбе масъалаҳои омодагӣ ба Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 10.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 9-10 август дар шаҳри Душанбе машваратҳои вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои омодагӣ ба Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни нишаст лоиҳаҳои рӯзномаи Вохӯрии машваратӣ, Изҳороти муштараки сарони давлатҳо ва дигар санадҳое, ки баимзорасонии онҳо аз рӯйи натиҷаҳои саммити Душанбе дар назар аст, баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо инчунин масъалаҳои омодагӣ ба 12 чорабинии ҳошиявиеро, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намудани онҳоро дар доираи Вохӯрии машваратии дарпешистода ба нақша гирифтааст, мавриди муҳокима қарор доданд.
Ёдовар мешавем, ки Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал 14-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе доир мегарданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд






