Дар Душанбе ярмарка-фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ оғоз гардид

Август 3, 2023 09:30

ДУШАНБЕ, 03.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе намоишфурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ  оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Намоишфурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ дар асоси Қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе оғоз гардида, дар он корхонаҳои саноатӣ  ва соҳибкорони ватанӣ дар баробари либоси мактабӣ, пойафзолу ҷӯроб, ҳамчунин  ашёи хониш ба фурӯш гузоштаанд. Либоси мактабӣ дар асоси талаботи Дастурамали либосҳои тавсияӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм таҳия шудааст дар  корхонаҳои дӯзандагии мамлакат омода карда шудааст.

Ин тадбир имкон фароҳам меорад, то хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди пойтахт аз корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе либоси мактабӣ харид намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 3, 2023 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд