Дар Хатлон дар соли таҳсили гузашта 85 иншооти соҳаи маориф бунёд гардид
ДУШАНБЕ, 23.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар соли таҳсили гузашта дар қаламрави вилояти Хатлон 85 иншооти соҳаи маориф сохта шуда, айни замон дар 315 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бунёди 2325 синфхона барои 55 ҳазору 743 ҷойи нишаст идома дорад. Дар ин хусус зимни машварати августии омӯзгорони вилояти Хатлон, ки дар шаҳри Бохтар баргузор гардид, гуфта шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар доданд.
Дар машварати мазкур фаъолияти соҳаи маорифи вилояти Хатлон дар соли таҳсили 2022 — 2023 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тазаккур дода шуд, ки соли таҳсили 2021-2022 дар вилояти Хатлон 1362 муассисаи таълимӣ фаъолият менамуд. Ин нишондиҳанда соли 2023 ба 1375 адад расид.
Инчунин хонандагони вилояти Хатлон 18 аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ ба даст оварданд, ки 52 фоизи умумии аттестатҳои аълои ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Дар ин баробар оид ба дигар самтҳои соҳаи маориф изҳори назар гардид.
Дар машварат Раиси вилояти Хатлон ба раисони шаҳру ноҳияҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои маориф барои дастгирии омӯзгорон ва муҳайё намудани шароити таълиму тарбия дастуру супориш дод.
Дар идома Раиси вилояти Хатлон ва Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ ба намоиши дастовардҳои соҳаи маориф шинос шуда, беш аз 140 нафар кормандони соҳаи маориф ва омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимиро бо ҷоиза ва мукофотҳои молию пулӣ қадрдонӣ намуд.
АКС: Раёсати маорифи вилояти Хатлон









МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд






