Дар Хатлон дар соли таҳсили гузашта 85 иншооти соҳаи маориф бунёд гардид

Август 23, 2023 18:42

ДУШАНБЕ, 23.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар соли таҳсили гузашта дар қаламрави вилояти Хатлон  85 иншооти соҳаи маориф сохта шуда, айни замон дар 315 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бунёди  2325 синфхона барои 55 ҳазору 743 ҷойи нишаст идома дорад. Дар ин хусус зимни машварати августии омӯзгорони вилояти Хатлон, ки  дар шаҳри Бохтар баргузор гардид, гуфта  шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар доданд.

Дар машварати мазкур  фаъолияти соҳаи маорифи вилояти Хатлон дар соли таҳсили 2022 — 2023 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тазаккур дода шуд, ки  соли таҳсили 2021-2022 дар вилояти Хатлон 1362 муассисаи таълимӣ фаъолият менамуд. Ин нишондиҳанда соли 2023 ба 1375 адад расид.

Инчунин хонандагони вилояти Хатлон 18 аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ ба даст оварданд, ки 52 фоизи умумии аттестатҳои аълои ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Дар ин баробар оид ба дигар самтҳои соҳаи маориф изҳори назар гардид.

Дар машварат Раиси вилояти Хатлон ба раисони шаҳру ноҳияҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои маориф барои дастгирии омӯзгорон ва муҳайё намудани шароити таълиму тарбия дастуру супориш дод.

Дар идома Раиси вилояти Хатлон ва Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ  ба намоиши дастовардҳои соҳаи маориф шинос шуда, беш аз 140 нафар кормандони соҳаи маориф ва омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимиро бо ҷоиза ва мукофотҳои молию пулӣ қадрдонӣ намуд.

АКС: Раёсати маорифи вилояти Хатлон

Август 23, 2023 18:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид