Дар Хоруғ озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» оғоз шуданд
ДУШАНБЕ, 21.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази Вилояти доир ба баргузории даври сеюми озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ҷаласа доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.
Дар ҷаласаи мазкур оид ба дар сатҳи баланд ва шаффоф доир гардидани озмунҳои мазкур ба масъулин дастуру супориш дода шуд. Гуфта шуд, ки озмунҳои вилоятӣ бояд дар сатҳи баланд баргузор шуда, беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гиранд.
Бояд гуфт, ки озмунҳои мазкур бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолигардонии доираи забондонӣ байни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсил, инчунин магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони кишвар ташкил шуда, ба пайдо намудани чеҳраҳои нав мусоидат менамояд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ








Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Моҳи май даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Моҳи апрел даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад






