Дар Кӯшониён ярмаркаи либосҳои мактабӣ ва ашёи таълимӣ доир шуд

Август 15, 2023 17:41

ДУШАНБЕ, 15.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази ноҳияи Кӯшониён- шаҳраки Исмоили Сомонӣ бо иштироки роҳбарияти ноҳия ва роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони ташкилоту идораҳо, намояндагони корхона ва коргоҳҳои дӯзандагӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва падару модарон намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ва ашёи таълимӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Кӯшониён хабар медиҳад.

Дар ярмарка беш аз 10 номгӯй намунаи либосҳои мактабӣ бо нархи нисбатан арзон пешкаши харидорон гардида буд.

Роҳбарият аз сифати либосҳои омодагардида изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ба масъулин ва истеҳсолкунандагон дастур дода шуд, ки дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия чунин ярмаркаҳо гузаронида, ба сифати либосҳо аҳамияти хосса дода, бо нархи дастрас пешкаши харидорон намоянд.

Сипас бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсату шуъбаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту идораҳо, сарварони муассисаҳои таълимӣ, кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва раисони маҳал мулоқоти корӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот  вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷобаҷогузории кадрҳои лаёқатманд, ободонию созандагӣ, пешниҳоди дурусти ҳисоботи оморӣ, риояи талаботи қонунгузорӣ ва камбудиву норасоиҳои баъзе аз соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия ибрози назар шуда, баҳри бартараф намудани онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар ҷаласаи корӣ роҳбарияти ноҳия вобаста ба масъалаҳои баррасишуда тамоми фаъолони ноҳияро вазифадор намуданд, ки дар фаъолияти минбаъдаи худ ба камбудиву норасоиҳо роҳ надода, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз тамоми имконияти мавҷуда самаранок истифода намоянд.

 АКС: Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Кӯшониён

Август 15, 2023 17:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар деҳаи Истиқлоли ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар минтақаи Рашт 30 оилаи ниёзманд соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, ду корхонаи саноатӣ фаъол гардид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»